Formula novemver 2024
Шавҳарамро се талоқ кардам! (ҚИСМИ 1)
11.05.2024
ФАРИЗА
1771

Пас аз хатми мактаб дугонаҳоям як-як ба шавҳар баромаданд, вале ман ду поямро ба як мӯза андохта, мегуфтам, ки то хонда соҳиби маълумоти олӣ нашавам, оиладор намешавам.

Падару модарам аввал зид буданд, вале якравиамро дида, билохира сар фароварданд ва бо дуои нек маро ба шаҳр гусел карданд. Донишам хуб ки буд, бе пулу бе “тағо” ба омӯзишгоҳи тиббӣ дохил шудам ва онро аъло хатм намудам.

Талабгоронам дар омӯзишгоҳ аз мӯйи сарам зиёд буданд, аммо волидонам “мабодо духтарамон пирдухтар шуда намонад” гӯён, маро саросемавор ба як ҷавони бесавод ба шавҳар доданд.

Кайк дар ҷандаю ноз дар ганда

Домодро ягон бор надида бошам ҳам, гапи падару модарамро ду накарда, розигӣ додам ва маро арӯс карда, аз Норак ба Варзоб бурданд. Ҳар як духтар вақте арӯс шуда, ба хонаи бахташ қадам мегузорад, дар дил ҳазор орзуи ширин мепарварад. Ман низ умед доштам, ки бо шавҳарам ҳаёти хушбахтона ба сар бурда, соҳиби фарзандони зебо мешавам ва зиндагии шоиста ба сар мебарам, вале хаёлам хом баромад...

Шавҳарам як йигити чорпаҳлуи рустамбозу бошад ҳам, ягон зарра масъулият ҳис намекард. Парво надошт, ки дар хона ягон чизи хӯрданӣ ҳаст ё не, нону оши тайёрро мехӯрду дар назди телевизор ғел мезад ё рӯз то бегоҳ хуррос зада хоб мерафт. Чанд бор гуфтам, ки дар ягон ҷо ба кор дарояд, вале ӯ бо нияти коркобӣ пояшро аз по накашида, ба сарам дод мезад, ки канӣ ҳамон кори лаънатӣ?!...

Ба ҷойи шавҳарам ман шарм медоштам, ки ду одами ҷавон ба гардани як пиру кампир бор шуда, бо нафақаи хусуру хушдоманам зиндагӣ карда истодаем. Дидам, ки ҳамсарам аслан дилу нияти кор кардан надорад, аз хусурам иҷозат гирифта, баъди як моҳи тӯй ба кор баромадам. Маоши ҳамшираи шафқат чандон зиёд нест, аз ҳамин сабаб, дар ду ҷо кор мекардам, то каме ҳам бошад, дар кашидани аробаи зиндагӣ ба хусуру хушдоманам ёрӣ расонам, аммо...

Туҳмат

Ҳар рӯз соатҳои чори саҳар аз хоб хеста, тамоми кору бори хонаро мекардаму баъд ба кор мерафтам, то дар ҳақам ягон гап наёбанд, вале ба ҷойи раҳмат гуфтан, модару хоҳарони шавҳарам маро туҳмат карда, пичир-пичир мекарданд, ки гӯё худамро орову торо дода, ба шаҳр ошиқбозӣ меравам. Хушдомани кӯрнамакам ба ҷойи Худоро шукр гуфтан, ҳамеша писарашро балво дода, моро бо ҳам мешӯронд. Шавҳарам ба гапҳои дурӯғи модару хоҳаронаш бовар карда, маро мурданивор лагадкӯб мекард. Бо тамоми муқаддасоти олам қасам мехӯрдам, ки ин гапҳо дар ҳақи ман туҳмат ҳастанд ва ба ғайр аз вай дигар ягон мард дастамро надоштааст, шавҳари бесаводам ба ман бовар накарда, девонавор дод мезад, ки “ту фоҳиша, бо баҳонаи кор худатро хушрӯ карда, танфурӯшӣ меравӣ”. Ин марди бе нангу бе номуси бекорхӯҷа тамоми ҳамшираҳои шафқатро ғару бероҳа номида, афсӯс мехӯрд, ки зани духтур гирифтааст...

Ошиқи телевизор

Рӯзи дароз дар ҷойи кор давутоз карда, чунон монда мешудам, ки ногуфтанӣ, болои ин, дар қадам кӯдак шуда, мадори роҳгардӣ надоштам, вале шавҳари бекорхӯҷаам шаби дароз телевизор тамошо карда, мани дуҷонро то саҳар хоб рафтан намемонд. Чанд бор хоҳиш кардам, ки ақаллан овози телевизорро пасттар кунад, аммо вай “ту фоҳиша, худат кӣ ҳастӣ, ки ба ман фармон медиҳӣ!?” гӯён, маро мурданивор мезад ва боз ҳамон корашро давом медод.

Ман одати хабаркашӣ надорам, мисли дигар духтарҳо гапу кори дар хонаи хушдоманам мешударо ба падару модарам намерасондам.

Шабе хоҳаронам дар хонаам меҳмон шуданд ва то саҳар аз телевизор тамошо кардани язнаашон мижа таҳ карда натавонистанд. Саҳар ҳангоми ношто хоҳари хурдиам ба шавҳарам нигариста, шӯхиомез гуфт:

- Язна, ба фикрам телевизорро аз апаам зиёдтар дӯст медоред-а?!

Ин гап ба шавҳарам сахт расид ва дандонҳояшро ғиҷиррос занонда, аз сари дастурхон бархост.

Меҳмонҳоро гусел карда, ба кор рафтам. Бегоҳ шавҳарам маро бо қошу қавоқи гирифта истиқбол гирифт. Сабаби озурдагиашро пурсида, ба балои бад гирифтор шудам. “Ту маймун шаб то саҳар маро бо хоҳарҳои аҷинаат ғайбат кардӣ, ки масхара мекунанд” гӯён, шавҳарам маро чунон бераҳмона лагадкӯб намуд, ки аз ҳуш рафтам. Вақте чашмонамро кушодам, алакай дар беморхона будам. Табибон гуфтанд, ки бар асари мушту лагади шавҳарам тифлаки семоҳаи батнам афтидааст...

ФАРИЗА, аз шаҳри Норак

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД