arzon replenishment
ШАВҲАРАМ ЗАНИ РАФИҚАШРО ГИРИФТ... Қисми 2
1858

Фарзандони мо Шарафро амакӣ мегуфтанду фарзандони ӯ Сӯҳробро, ҳамсараш Мастона барои ман мисли хоҳарам буд. Мо як ноларо бе якдигар намехӯрдем, зиндагии хонаводаи Шараф дар сатҳи мо набошад ҳам, вале хуб буд. Онҳо ҳам ҳавлии зебои калон, мошин ва ҳама чизро доштанд. Мастона кор намекард, зеро ҷое таҳсил накарда буд.

Шараф занашро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт ва эрка мекард, ӯ ниҳоят зани зебо буд, хеле оддӣ либос мепӯшид, на ба салон мерафту на худро ороиш медод, вале ҳусни табиие дошт, ки аз рӯяш чашм канда намешуд.
Як шоми барфбоди зимистонӣ Мастона занг зада гуфт, ки “мо дар беморхонаем, аҳволи Шараф вазнин аст”. Ману Сӯҳроб осемасар ба он ҷо рафтем. Маълум шуд, ки рафиқи шавҳарам мошинашро дар лаби роҳ монда, хостааст, ки аз роҳ он тараф гузашта, ба дорухона дарояд ва зери чархи мошини ҷавони бадмасте монда, ҳалок шудааст. Марги бародархондаш барои Сӯҳроб хеле вазнин афтод, ӯ шабу рӯз дар хонаи онҳо буд. Мастонаро тасалло медод, ду фарзанди ӯро аз оғӯшаш раҳо намекард, модари бемори ӯро духтур ба духтур мегардонд. Бечора модар, ғами писари ягонааш ӯро аз пой афтонд ва ӯ низ фавтид. Як соли дароз як пойи шавҳарам дар хонаи мо буду як пойи дигараш дар хонаи рафиқаш. Ман ба ин одат кардам, вале…

Соли Шарафро доданд, барои Мастона дӯкони фурӯши молҳои занона кушодем, акнун ӯ аз хориҷа бор оварда мефурӯхт, вале шавҳарам дигар ба хона барнагашт. Як рӯз Сӯҳроб ҳама лоқу парашро ҷамъ карда, барои зиндагии доимӣ ба хонаи Мастона рафт ва ба суд аризаи ҷудошавӣ навишт. Вақте ман ба ҳавлии ӯ рафта, ҷангу ҷанҷол бардоштам, Мастона бо хунсардӣ гуфт:

-Ман шавҳари туро баста намондам, равад, гирифта бар!- Ӯ на ҷанг мекарду на ҷанҷол, ин ҳама маро девона кард, Сӯҳроб осудатар аз ӯ буд. Ӯ бегонавор ба ман гуфт, ки “ман барои фарзандонам пули хуб медиҳам, ту танқисӣ намекашӣ, вале аз Мастона ҷудо шуда наметавонам. Бовар кун, ман нав ишқамро ёфтам, нав зиндагиро фаҳмидам!”
Худамро дошта натавонистаму шаппотие ба бари рӯяш фароварда, фарёд задам:
-Кӯрнамаки ҳаром, чӣ гуна метавонӣ дар болини рафиқат сар монӣ? Даюс, Худозада!- Ӯ бо оромӣ гуфт,- рафиқам дигар нест, аммо ман зиндаам.
Аз ҳамон рӯз инҷониб беморам, дилам дард мекунад, асабҳоям харобанд, наметавонам худамро идора кунам…

Ин ҳамаро ба Анора нақл мекардаму ӯ ашк мерехт, ҳамин тавр, ман бо Анора дугона шудам, аз Худо миннатдорам, ки ӯро ба ман расонд. Тақдири Анора низ мисли тақдири ман аст, аммо рафиқи шавҳари ӯ марди худотарсе будаасту ӯро хоҳар хондааст. Анора мегӯяд, ки вақте бародарони аслии шавҳарам маро бо ду фарзандам баъди марги шавҳарам аз хонаамон пеш карданӣ шуданд, Асаду занаш, ки ҳарду ҳуқуқшиносанд, ба кӯмаки ман шитофтанд. Имрӯз Анора касби дӯзандагӣ омӯхтаву зиндагии худашу ду писаракашро таъмин мекунад ва рафиқи шавҳараш дастгиру мададгораш аст.

Албатта панҷ ангушт баробар нест, аммо ҳеҷ натавонистам хиёнати шавҳараму Мастонаро бубахшам. Фарзандонам кайҳо падарашонро бахшидаву бо ӯ ва оилаи наваш рафтуомад мекунанд, ман чизе намегӯям. Анора мегӯяд, ки агар дарди дилатро нависӣ, сабук мешавад, чун ин қиссаро навишта, ба ӯ нишон додам, маҷбурам кард то онро ба ҳафтавори розшунав “Оила” фиристам.
Боқӣ, дар паноҳи Худо бошед!

Дилафрӯз, сокини пойтахт

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД