Formula novemver 2024
Шавҳарам «ситоракасал» буд (ҚИСМИ 2)
2509

Ҳамсари ситора

Сироҷ ҳамроҳи ду рафиқаш ба хонаи мо хостгорӣ рафт, падару модарам дар ҳайрат буданд, ки наход домод худаш хостгорӣ биёяд. Аммо Сироҷ ба онҳо маблағи зиёде дода, гуфтааст, ки “ба мо ягон ҷиҳоз даркор нест, маъракаатонро гузаронед, ман омада, арўсро гирифта меравам”.

Ман ду рўз пеш аз тўям ба хона омадам, падару модарам пули зиёдро дида, дигар чизе нагуфтанд ва тўйи мо барпо гашт. Ману чанд нафар янгаҳоро ба ҳавлии бошукуҳе бурданд, пайвандонам дастархони Сироҷро дида, даҳанашон канд. Духтари аммаам рўирост гуфт, ки “ту куҳнапўшак бало будаӣ, ина аз куҷо ёфтӣ?”. Аз пайвандони Сироҷ касе набуд, занҳое, ки хизмат мекарданд, бегона буданд. Шавҳарам ба янгаҳо пул доду онҳоро гусел кард, ману Сироҷ танҳо мондем…

Ман ҳамсарамро зиёд дўст медоштам, ў низ барои ман чизеро дареғ намедошт, бароям мошин харид, бо мошин ба дарс рафта меомадам. Баъди хатми коллеҷ ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шудам, дар хона хизматгор доштем, писарамро онҳо нигоҳ мекарданд. Оҳиста-оҳиста бо хушдоман ва хешу табори шавҳарам шинос шудам, онҳо маро дўст медоштанд. Хушдоманам доим мегуфт, ки танҳо ту тавонистӣ дили писарамро ба даст биёрӣ, аммо…

Ситоракасал

Шавҳарам аз аввал инҷиқу эрка буд, аммо бо гузаштани се-чор сол тамоман гузаронд. Ў нимаҳои шаб ба хона меомад, ҳафтаҳо гум мешуд, агар мегуфтам, ки дар куҷоӣ, бало бар сарам мерехт…

- Ту гадодухтар забон баровардӣ, туфлиҳои куҳнаи бўинатро фаромўш кардӣ? Хонаи пури кайки падари гушнаатро аз ёд баровардӣ?

Ў он қадар ҳақоратам мекард, ки ногуфтанӣ ва баъд ба таърифи худаш мегузашт, ки чӣ гуна одами бузург аст. Ман духтур будам, психологияро ҳам хуб мефаҳмидам, медонистам, ки шавҳарам ба бемории бузургманишӣ ва «ситоракасал» гирифтор аст. Баъдҳо ба сарам даст мебардошт, маро то мурдан мезад, вале тоқат мекардам. Зеро намехостам аз хонаи сеошёнаи барҳаво берун шавам, ҳарчанд кор мекардам, вале маро танҳо ба хотири шавҳарам эҳтиром мекарданд.

Шавҳарам маро ба зиёфатҳо мебурд, ки ҳама ба мо бо ҳавас нигоҳ мекарданд. Ман хеле зебо ҳастам ва зебо мепўшидам, мардум гумон мекарданд ман хушбахттарин зани дунё ҳастам, аммо намедонистанд баъди ин маҳфил маро чӣ интизор аст. Шавҳарам байни мардум дасти маро мегирифт, механдид, меҳрубонӣ мекард, ҳамин ки ба хона омадем, сар мешуд ҷанг… “Ту дар фалон ҷо фалон хато кардӣ, ноҷо хандидӣ, ноҷо гап задӣ”..., хулоса ҷангу ҷанҷолу ҳақорат.

Писарам нав ба синфи шаш мерафт, ки шавҳарам дар садамаи нақлиётӣ ҳалок шуд ва зиндагии заҳрогини ман ба охир расид. Пас аз рафтани ҳамсарам ҳама дороияш ба ман монд, имрўз зиндагии хуб дорам. Дар чор хона иҷоранишин дорам, худам дар як беморхона кор мекунам, дар ҳавлӣ зиндагӣ мекунам, аммо беморам. Азиятҳое, ки дар 12 сол шавҳарам маро дод, беморам кардааст. Чӣ суд аз давлату сарват, кошкӣ ҳамон вақт ҷудо мешудам. Аз дасти стрессҳои пай дар пайи дар ҷавонӣ бардоштаам ба бемории қанду дил ва асаб гирифтор шудаам, писарам хеле ҷавони дидадаро ва меҳрубон аст. Духтари хоҳарамро келин гирифтаам, мисли духтар ҳамроҳам муносибат мекунад, аммо ҷонам дар панҷаи дард месўзад.

Зиндагии духтараки блогер, ки ҳатто хуб намешиносаму тасодуфан дар як шабакаи иҷтимоӣ аз асрораш воқиф шудам, маро ба ёди он рўзҳои шум ва шавҳари «ситоракасал»-ам бурд. Агар бо ин ифшои розам дили касеро сиёҳ карда бошам, маро бубахшед.

ЗУМРАД

Таснифи Нисо Холид    

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД