Ростӣ, варақгардон кардани қиссаи умрамро дўст намедорам ва шояд ҳеҷ гоҳ онро нақл намекардам ё ба қавли маъмул, расонаӣ намекардам, агар…
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ як нафар бонуи блогер ҳамеша аз ҳамсараш таъриф мекарду… чун ман ба зиндагии касе кор надорам, давомашро намегўям, вале видеои ҳақорату ҷанги ҳамон оила хотироти маро тагу рў кард. Чун шамол варақҳои зарди пур аз оби чашми дафтари умрамро беихтиёр варақгардон намуд, дар ин дунё чӣ ҷуфтҳои дар назар хушбахти олам ҳастанд. Афсўс мардум намедонанд, ки пушти пардаи ин хушбахтиҳо чӣ даҳшатҳое нуҳуфта аст…
Камбағалак
Ман дар оилаи камбағал ба дунё омадаам, падару модарам инсонҳои оддӣ буданд ва мо даҳ фарзандро бо нони ҳалол ба воя расонидаанд. Ман шаш апа ва чор бародар доштам, ягон бор куртаи навро намедидам, модарам, ки ҳунари дӯхтан доштанд, либосҳои апаҳоямро барои ман кўтоҳ карда медоданд. Ҳамеша орзу доштам, ки ақаллан як борак махсус барои худам куртаи нав харанд, аммо ин тавр набуд. Як амма доштам, ки хеле бою бадавлат буд, он кас аҳволи бади моро медиданду кумакамон мекарданд. Куртаҳои куҳнаи духтари ягонаву эркатулфорашонро барои ман меоварданд. Гавҳар ҳамин ки ҷанг кунад, маро таъна зада, “куҳнапўши гадо” мегуфт. Мегиристам, сарамро рўйи зонуи модаркалони порсоям монда, зор-зор мегиристам. Модаркалонам нобино буданд, он кас сарамро сила карда, Гавҳарро дуои бад мекарданд, ки дили маро озурдааст. Ба аммам мегуфт, ки “эркатулфоратро бигў, духтарамро хафа накунад!”.
Ман тамоми рози диламро ба модаркалонам мегуфтам, он кас насиҳатам мекарданд, дуоям медоданд. Ман ҳам аз ҷон хизмати эшонро мекардам ва асои дасташон будам.
Боре ба модаркалонам гуфтам, ки “момаҷон, ман шавҳари бой мекунам ва чашмони шуморо табобат карда, бино мекунам. Барои худам куртаву кафшҳои рангоранги зебо мехарам”. Модаракалонам бо ханда гуфтанд, ки “то ту шавҳар мекунӣ, ки сабзаи гўри ман як ваҷаб мешавад. Аммо як чизро ба гўшат ҳалқа намо, Худованд ба ту шавҳари хуб диҳад, пул одамро ҳеҷ гоҳ хушбахт накардааст”.
Ман бошам, ҷиддӣ гуфтам:
- Бигзор ганда бошаду бой бошад!
Духтари аълохон
Дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехондам ва мақсад доштам, ки духтур шавам. Баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ба коллеҷи тиббӣ супорида, бо саводи худам донишҷў шудам. Коллеҷ дар маркази вилоят воқеъ буду падару модарам пешакӣ гуфтанд, ки онҳо наметавонанд ба ман пул фиристанд. Ман ба ҳама чиз розӣ будам, зеро мехостам хонам ва ба ҷое расам, зиндагии апаҳоямро ҳаргиз орзу намекардам. Онҳо шавҳар кардаву дар хизмати хусуру хушдоман буданд. Янгаҳоям ҳам, ҳамеша дасти шавҳарҳояшонро нигоҳ мекарданд. Худашон на ҳунаре доштанду на маълумоте, то кор кунанду соҳиби чизе бошанд. Ман то нисфирўзӣ мехондам, шабона дар як тарабхона табақу коса мешўстам. Сӣ сомонӣ ҳар шаб кор мекардам, хўрокам бепул буд, таҳмондаи табақҳоро дар як халтаи селофанӣ андохта, ба хобгоҳ меовардаму на танҳо худам, балки баъзе дугонаҳои мисли худам камбағалро ҳам зиёфат медодам.
Хандаи бахт
Аз ҳисоби хобам мехондам, бо пули ҷамъ кардаам либосҳои зимистонаи зебо харидам. Худро орову торо дода, ба кор мерафтам. Боре як пешхизмат касал шуду як ҳафта ба кор наомад ва ман аз ҷояш кор кардам, корам ба хӯҷаинҳо маъқул шуду ман пешхизмат шудам. Акнун шикамам серу танам пўшида, ҳатто ёди хонаҳои лоини падар ва пиёбаҳои бегӯшташ намекардам. Дар шаш моҳ як бор рўзи вафоти модаркалонам ба деҳа рафтам, падарам хуб пурсуков кард, вале нагуфтам, ки кор мекунам. Бародаронам ҳамаашон дар Русия буданд, доим занг зада, таъкид мекарданд, ки сарашонро хам накунам, аммо ақл намекарданд, ки каме маблағ равон кунанд.
Як рўз дар тарабхонаи кор мекардагиям як маърака шуд ва ҳамон рўз бо як ҷавонмарди машҳури зебо вохўрдам. Ў гап партофта - гап партофта хушгўӣ мекард, ман ҳам бо хандаҳои ширин ҷавобаш медодам ва…
Ман мехостам шавҳари бой кунам, аз ин рў, ба онҳое, ки изҳори ишқ мекарданд, бетаваҷҷуҳ будам. Аммо ба Сироҷ воқеан ошиқ шудам, сахт…
Ў аз ман ошиқтар буд, чун ба наздаш ба вохўрӣ рафта, тамоми зиндагиямонро нақлаш кардам, дили ў ба ман сӯхту гуфт, ки дигар дар тарабхона кор намекунӣ, ман туро ба занӣ мегирам. Сироҷ пеш аз ман ду зани дигар гирифта, ҷудо шуда буд, вале ин барои ман монеа набуд. Ман хурсанд будам аз хандаи ширини бахтам, зеро Сироҷ шахсияти маъруфу шинохта ва сарватманд буд.
ЗУМРАД
Таснифи Нисо Холид