Ману Фарзон бо ишқу муҳаббати бузург хонадор шудем, воқеан бузург. Мо дар ҳамсоягӣ мезистем, волидони ҳардуямон духтур буданду ҳамроҳ кор мекарданд, мо якҷоя ба боғчаи бачаҳо, мактаб ва донишгоҳ мерафтем.
Ман аз додаракам шаш сол калонам, табиист, ки ў наметавонист маро дар ягон муноқиша ҳифз кунад, вале ҳамеша дар бари ман буд. Фарзон аз синни сесолагӣ машқ мекарду бачаи зӯри мактабу маҳаллаамон ба шумор мерафт, аммо то маҷбур нашавад, ягон вақт ба касе зӯриашро нишон намедод. Ў нисбати ман ҳам эҳтироми баланд дошт, атрофиён гумон мекарданд, ки мо хешу табор ҳастем. Танҳо баъди синфи ҳаштумро хатм кардан, дўстии мо ба муҳаббат мубадал гашт.
Мо дар донишгоҳи бонуфузе дар риштаи иқтисод таҳсил мекардем ва баъди хатми он, дар бонк ба фаъолият шурўъ кардем. Волидонам ба муҳаббати мо зид набуданд, аз ин рӯ, хостгорони Фарзонро хуб қабул карданд. Дар ин ҳангом, мо аллакай ҳамсоя набудем, волидони Фарзон ба ҳавлӣ кўч баста буданд. Тўйи мо хеле бошукўҳ дар ду тарабхонаи бонуфуз барпо гашт, ҳама моро ҷуфти арзандаву арўсу домоди зеботарини сол мегуфтанд. Хусуру хушдоманам, ки се писар доштанду келинҳояшонро мисли духтаронашон дўст медоштанд, бо ман ҳам ҳамин гуна муносибат мекарданд. Мо як сол дар хонаи хусуру хушдоманам, дар ҳавлии сеошёнаи зебо се келин зиндагӣ мекардем ва бо ҳам мисли апаву хоҳар будем. Бо маслиҳати ҳевари калониям, ки тоҷир буд, хонаи ҳевари дуюмгӣ ва маро ҷудо карданд ва ў бо аҳли оилааш бо хусуру хушдоманам монд. Барои мо дар маркази шаҳр дар хонаҳои баландошёнаи навсохт хонаи панҷҳуҷрагӣ хариданд, ки ниҳоят шик ва зебо буд. Албатта мо зуд-зуд пайвандонамро ба меҳмонӣ даъват мекардем ё хўрокҳои дўстдоштаашонро пухта, ба хабаргирияшон мерафтем.
Хулоса, аз чизе камбудӣ надоштем, ману ҳамсарам ҳарду мошин доштем. Дар рўзи тўям падарам барои ман хонаи дуҳуҷрагие тўҳфа карда буд, ки дар шаҳомат аз хонаи худамон кам набуд. Мо он ҷо иҷоранишин мондем, ҳамроҳи Фарзон ният доштем, ки пул ҷамъ карда, дар ягон мавзеи зебои кишвар бўстонсаро низ месозем. Баъди ду соли зиндагии ширини оиладорӣ ман ҳомила шудам.
Хурсандии ману Фарзон ва пайвандонамро тасвир карда наметавонам. Ҳомиладориям хуб мегузашт ва баъди интизориҳо писаракам ба дунё омад. Чӣ қадар ширинаку лоло буд, Бунёдаки ман! Ман чил рўз дар хонаамон будам, баъд ҳамроҳи волидонам дастархону тўҳфаҳо бардошта, ба ҳавлии хушдоманам рафтему дар ҳалқаи хешу табор гаҳворабандон кардем. Танҳо баъди думоҳа шудани Бунёдҷон ба хонаи худамон рафтем, ман ба тарбияи писаракам машғул будаму ба худам аҳамият намедодам. Ростӣ, кору бори хона, нигоҳубини кўдаки хурдсол Фарзонро дар ҷойи дуюм гузошт. Не, гумон накунед, ки ман тамоман ба ў аҳамият намедодам. Хўроки гармаш ҳамеша тайёр буд, либосҳояш шўста, дарзмол карда шуда, аммо диққати асосиям ба писарам банд буд.
Бояд бигўям, ки ман бонуи зебоям, бе ягон ороишот, вале дар як моҳ як ё ду бор албатта ба кошонаи ҳусн мерафтам, нохуну мижгону абрӯвонам ҳамеша нигоҳубин доштанд.
(Давом дорад)
МЕҲРНОЗ
Таснифи Рухсора САИД