Sebiston new 2024 october
Шавҳарам гадоӣ мекунад…
1788

Мушкиле дорам, ки ду сол боз бо он мубориза мебарам, вале ғолиб намеоям. Ҷангу ҷанҷол, зориву илтиҷо, зӯрӣ… хулоса, чизе кора накард ва тасмим гирифтам, ки ба ҳафтавори дўстдоштаам «Оила» нома нависам.

Шояд нафаре пайдо шавад, ки ба ман маслиҳат диҳаду мушкилам ҳал гардад…
Издивоҷ бидуни ишқ
Ману Ҳамид ҳамдеҳа ҳастем, ҳарчанд ман ўро дўст намедоштам, вале падару модарам хостгоронашро қабул карданд. Падари Ҳамид шахси сарватманд ва аз хешони дури падарам буд.
Дар хонаводаашон Ҳамид фарзанди калонӣ буд, модараш ҳангоми таваллуд кардани ӯ фавтида будаасту ўро моиндараш ба воя расонида аст. Моиндараш баъди ў ду писару ду духтари дигар таваллуд карда, ба воя расонид, аммо Ҳамидро низ аз эшон кам намедонист. Кам касон медонистанд, ки Ҳамид фарзанди угаи холаи Румия аст. Зеро ин зани меҳрубон бачаҷонам мегуфту аз даҳонаш ширу шакар мерехт. Ҳамид хешони модарӣ надошт, баъд аз издивоҷ фаҳмидам, ки модари ўро хусурам аз аскарӣ оварда будаасту гўё дар хонаи бачаҳо ба воя расида будааст. Холаи Румия бо ҳаваси зиёд барои ман ҷиҳози зебое овард ва тўямон низ хеле бо шукўҳ бигзашт. Ҳамид пеш аз хизмати ҳарбӣ курси шашмоҳаи ронандагиро омўхта ронанда буд, ў мошини боркаш дошт. Баъди тўй оҳиста-оҳиста ба шавҳарам меҳр мондаму ўро дўст доштам. Зиндагии орому осудае доштем. Пас аз як соли тўямон хонаву дари моро ҷудо карда, ҳеварамро зан доданд, пас аз ду моҳи тўйи ҳеварам хусурам аз сактаи қалб ҷонашро ба ҷонофарин дод…
Сафар ба Русия
Хушдоманам низ аз ғами ҳамсари сарватманду хубаш пир шуду дигар ҳар кас аз пушти зиндагии хеш. Ҳевари дигарам низ зан гирифту хоҳаршўйҳоямро шавҳар доданд. Мо низ соҳиби чор фарзанд шудем, мошини шавҳарам, ки тӯли солҳо бетанаффус кор мекард, шалақ шуда, аз кор монд. Ҳамид дид, ки намешавад, ба Русия сафар кард, он ҷо ҳамроҳи додаронаш кор карда, пули хубе меёфт. Мо ду духтари калониро ба шавҳар додему писаронамон дар мактаби миёна мехонданд. Ман низ дар замин кор мекардам ва мувофиқи тавон бори зиндагӣ мекашидам. Додарони шавҳарам корро дар Русия бас карда, дар Тоҷикистон тиҷорати худро кушоданд, Ҳамид бе ёрии онҳо дар он кишвари сард кор карда натавонисту баргашт. Акнун ба тиҷорати бародаронаш ёрӣ дода, қутти зиндагӣ меёфт, аммо ин барои оилаи мо кам буд. Ду писарам низ мактабро тамом карда, кам-кам ба амакҳояшон ёрӣ мерасониданд, аммо ба ин қаноат намекарданд. Бачаҳо мехостанд коре бошад, ки маоши хуб гиранд ва зиндагиашонро пеш баранд. Ин мо калонсолтарҳо ба ҳама чиз қаноат мекунем, ҷавонон не. Писаронам қарор доданд, ки ба Русия мераванду пули калон кор карда, омада дар ноҳия магазин мекушоянд, писари хурдӣ мехост мошин гирифта, ба кирокашӣ машғул шаванд. Ҳамид аввал зиддият нишон дод, вале баъдтар розӣ шуд, аммо беҳуда нагуфтаанд, ки мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл?!
Сели бало
Ману падарашон низ ин иқдоми писаронамонро дастгирӣ кардем, вале онҳо тасмими сафарро нагирифта, як шаб ба ноҳияи мо сел омад. Сели бало хонаву дар боғу роғи моро аз беху бунёдаш канда бурд, мо худамон низ ба шарофати домоди калониям, ки омада моро ба мошинаш бор карда, ба ҷойи бехавф бурд, ҷон ба саломат бурдем. Баъди ду-се рўз ба деҳа баргаштем, як мавзеи обод ба харобазор табдил ёфта буд. Бо кумаки ҳукумати кишвар ва шахсони хайрхоҳ барои мо зарардидагони сели даҳшатзо аз ҷойи дигар замин доданд ва бароямон хона низ сохтанд. Писаронам ҳамроҳи сохтмончиён дар сохтмони хонаву дарамон саҳм мегирифтанд, шавҳарам низ. Дар як муддати кўтоҳ хонаву дарамонро обод кардему писаронам ба Русия рафтанд. Дар хона ману шавҳарам монда будем, ки ба бунёд намудани боғу роғ ва дигар корҳои ободонӣ камар бастем.
Шавҳарам ҷое кор намекард, вале баъзан ду- се рўз гум мешуду баъд бо як миқдор маблағ ва сумкаҳои пур аз хўрковорӣ бармегашт. Чун аз вай мепурсидам, ки аз куҷо пул ёфт, мегуфт ангура хўру боғаша напурс. Ростӣ, дилам сиёҳ мешуд, ки мўйсафед аз куҷо пул меёфта бошад, як рўз хуб пурсуков кардаму ў гуфт:

-Як ҳамхизмат дорам, дар ноҳияҳои атроф ба сохтмону таъмири хонаву дари мардум сару кор дорад. Баъзан ҷеғ мезанад ва рафта, ду-се рўз ҳамроҳаш кор мекунам, чӣ ин қадар пурсуков мекунӣ?!
Дилам барои шавҳарам, ки мудом аз дарди миён шикоят мекард, сӯхту гуфтам:
-Мардакҷон, шукри Худо аз чизе камбудӣ надорем, бачаҳоятон ҳар моҳ варақ-варақ пул мефиристанд, дигар наравед мардикорӣ,- мардакам табассуме карда гуфт, ки “пулҳои бачаҳоро ҷамъ кун занак, фардо омада мошин харанду зан гиранд, ман ҳоло қувват дорам ва барои зиндагии ҳардуямон пул меёбам”.
Асрори нангин
Зиндагиямон хуб мегузашт, боғаки навбунёдамон ба мева додан оғоз кард, писаронам ҳам корашон пешрав буд. Писари калонӣ занг зада гуфт, ки меоям ва зан мегирам, интихоби келинро ба ману апаҳояш гузошт ва гуфт, ки то омаданам келинатон тайёр бошад. Духтари калониям бо келини ҳамсояашон дугонаҳои ҷонӣ буданд, падару модари ҳамсояашон дар ноҳияи ҳамсоя зиндагӣ мекарданду ў гоҳ-гоҳ бо ҳамроҳии духтурам ба хонаи мо мемомад. Рӯзафзун духтарам гуфт, ки Наҷиба хоҳари зебое дораду агар хоҳед, хостгорӣ равед, падару модарашро ризо мекунад. Ман ҳамроҳи хушдомани Рӯзафзун, ки зани поктинату хубе буд, ба хостгорӣ рафтем. Хонаводаи арўсшаванда розигӣ доданду гуфтанд, ки Наҷиба дар бораи шумо ва оилаатон суханҳои хуб гуфт, баъд ба апааш ҳамроҳ мешавад, мо розӣ. Писарам омаду сурати арўсшавандаро дида, ба интихоби мо баҳои баланд дода гуфт, ки кошки ахлоқаш низ мисли сураташ зебо бошад. Рӯзафзун ўро бовар кунонд, ки арўс духтари хубе асту ахлоқу одоби шоиста дорад. Акнун ман бо мардҳо ба хостгорӣ рафтем, шавҳараму домодаму ҳеварам…
Тарафи арўсшаванда моро бо дастархони зебо пешвоз гирифтанд, аммо баъди чанде дар чеҳраи онҳо як норизоиро эҳсос кардам. Аз модари арўс пурсидам, ки тинҷист? Ў дар ҷавоб лаб хоида гуфт:
-Писарам бо шумо гап заданист…
Арўсшавандаи мо падар надошт, онҳо як писару чор духтарро модари муаллимаашон танҳо ба воя расонида буд. Акояшон Сафарбек тиҷорати худро дошту хеле ҷавонмарди сахиву обрӯманд буд. Сафарбек наздам даромада гуфт:
-Холаҷон, ҳамон марди синну солаш рафтаи тоқидор кист?- Ман бо ҳайрат гуфтам, ки шавҳарам, ҳамин вақт ҷавон гапе гуфт, ки хун дар рагҳоям ях баст…
-Холаҷон, шавҳари шумо дар бозори ноҳияи мо зуд-зуд пайдо шуда, гадоӣ мекунад, писар надораму занам бемор аст гуфта, пул металбад. Ман хоҳарамро ба писари ин гуна марди дурўғгўйи беномус намедиҳам….
Кори писарам вайрон шуд, аммо ҷуз ману Сафарбек каси дигар намедонист, ки чаро?!
Фарёди хун
Пас аз чанд рўз ба худ омадаму шавҳарамро, ки аллакай пайхас карда буд, ки гап дар сари чист, наздам фарёд карда, ҳама гапи шунидаамро гуфтам. Ӯ инкор мекарду хешу табори арўсшавандаро ҳақорат медод. Дигар намедонистам чӣ кор кунам, назди кампири хушдоманам рафтам ва ҳама гапи дар дилам бударо гуфтаму гиристам. Хушдоманам оҳи сард кашида гуфт:
- Дар хуни ҳаромаш бало бачам, акнун ман ҳам пир шудаму ту бояд донӣ. Модари Ҳамид ҷӯгӣ будааст, хусурат баъзан мегуфт, ки дар падари ишқу девонагӣ лаънат, ман ҷӯгиро нағз дида гирифтам. Худо раҳм карду ҷонашро гирифт ва писарам дар тарбияи зани тоҷик зад, вагарна намедонам чӣ мешуд. Гадоӣ дар хунаш аст, шояд ҳамин корро кардааст, наход ӯро тўҳмат кунанд, о ин ба тўҳмат монанд нест…
Писарамро ба як ҳамсинфаш хонадор кардем, ҳоло соҳиби ду фарзанданд. Шавҳарамро мудом посбонӣ мекунам, ки аз хона берун наравад, ў акнун ба маркази вилоят ё пойтахт бо баҳонаи “кор дораму беморам” гўён меравад, вале пулҳояшро намебинам. Сахт метарсам, ки ягон каси дигар ўро сари гадоияш мебинаду писару духтаронам шарманда мешаванд, ба писаронам ҳам ин амали падарашонро нагуфтаам. Чӣ бояд кард, ба ман маслиҳат диҳед…
Гулбегим

Таснифи Нисо

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД