arzon replenishment
Шавҳарам дилсиёҳ аст
24.08.2024
ОИЛА.ТҶ
1923

Ману шавҳарам якдигарро дӯст дошта оиладор шудем. Аз рӯзи аввале, ки бо Саид шинос шудам, дар наздаш шарт гузоштам, ки баъди тӯй кор мекунаму дукаса аробаи зиндагиро мекашем. Шавҳарам дар аввал розӣ буд, вале ҳамин ки маро арӯс карда, ба хонаашон бурд, ба кор баромаданро бароям манъ намуд.

Инак, 8 сол мешавад, ки дипломро таги болишт монда, мисли дигар занҳои хонашин аз пайи рӯфтану шустан ва нигоҳубини фарзандонам. Баъзан худамро дар оина дида, афсӯс мехӯрам, ки аз ҳусну малоҳатам осоре намондааст.

Мактабу донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намудаам ва метавонам дар ҷое кор карда, дар пеш бурдани зиндагӣ ба шавҳарам кумак расонам, вале шавҳарам баробари шунидани ибораи «кор мекунам» девона шуда мегӯяд, ки зан баробари аз хона баромаданаш бероҳаву саҳроӣ мешавад.

Шавҳарам мушт ба сина мекӯбад, ки кор кардани ман кифоя аст, вале маошаш барои камбудиҳои рӯзгорамон намерасад. Ҳар дафъае, ки барои ниёзҳои шахсии худам пул даркор шавад, дағалона мегӯяд, ки “фасониро барои кӣ мекунӣ, ту ба ман ҳамин хел ҳам маъқулӣ”, вале аз дидани занҳои зебо рафтани ҳуши шавҳарамро дида, девона мешавам.

Н. К.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД