Sebiston new 2024 october
Шавҳарам бо кафгир зада, сарамро кафонд
29.07.2022
ОИЛА
2003


Ман дар хонадоне зиндагӣ мекунам,ки тамоми мардони хонавода ба сари занҳошон мушт мебардоранд. Падарарӯсам хушдоманамро мезанаду додаршӯйҳоям занҳояшонро бе ягон сабаб таги мушту лагад мегиранд.

Шавҳари ман бошад, ҷавони бениҳоят хуб асту ҳеҷ гоҳ маро озор намедод. Дар давоми шаш моҳи зиндагии муштарак хусуру додаршӯяҳоям ӯро маҷбур мекарданд, ки мард будани худро нишон дода, маро зада, таги чашмонамро бояд сиёҳу кабуд созад. Ба гуфтаи падару бародари шавҳарам гӯё задан хислати мардӣ будааст. Ба шавҳарам гуфтам, ки чунин рафтори мард хуб нест,бе ягон сабаб барои чӣ ба сари занҳоятон мушт мебардоред? Шавҳарам дар ҷавоб гуфт, ки мард бояд занро гоҳ- гоҳ тарсонад.

Хуллас, боре барои намаки ошро зиёд андохтанам шавҳарам бо кафгир ба сарам заду ҷароҳат бардоштам.Сари қаҳру ғазаб ба хонаи падар омадам ва дар назди шавҳарам шарт гузоштам,ки дигар ба сари ман даст набардорад. Ӯ мегӯяд, ки қасам намехӯрад,чунки баъд бародарону падараш мегӯянд, ки ту номард будаӣ. Аҷабо, магар мардӣ дар задану кӯфтани зан аст?
Шабнам

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД