Тартиби бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ
Сарнавишти Мастура
Мастура дар синни 5-солагӣ аз падару модар ятим монда, дар тарбияи амаку янгааш ба воя расидааст. Бо сабаби ятимию бекасӣ духтарак натавонист ҳатто мактаби миёнаро хатм кунад. Духтарони ҳамсолаш вақташонро сарфи омӯхтани илму дониш мекарданд, Мастура бошад, рӯз то бегоҳ аз паси кору бори хонаи сермеҳмони амакаш овора буд. Ятимдухтар бо ҷону дил хизмати аҳли оиларо кунад ҳам, ҳамсар ва фарзандони амакаш ба ӯ рӯйи хуш намедоданд.
Ҳамин тавр, барои аз як нонхӯри зиёдатӣ халос шудан, амаку янгааш Мастураро дар синни 17-солагӣ ба ҷавони ношиносе ба шавҳар доданд. Барои аз ғурбати янга халос шудан ӯ ба тақдир тан дода, ба издивоҷ бо ҷавоне, ки боре ҳам надида буд ва хислату рафторашро намедонист, розигӣ дод, аммо...
Домоди занҷаллоб
Мастура гумон мекард, ки ба шавҳар баромада, минбаъд ҳаёти хушбахтона ба сар мебарад, вале ба бахти бади ин ятимдухтари бетолеъ домод нашъаманд баромад. Мастура баъди тӯй ва бастани ақди никоҳ фаҳмид, ки шавҳараш аз худаш 15 сол калон буда, пеш аз вай се маротиба зан гирифта, ҷудо шудааст. Дуд аз димоғаш баромад, аммо дигар роҳи баргашт набуд...
Зиндони зиндагӣ
Оғози хонадориро моҳи асал ва ширинтарин даврони зиндагии шаҳу арӯс меноманд, вале ҳаёти оилавии Мастура бо таҳқиру ҳақорат ва латукӯб сар шуд. Ҳар гоҳ шавҳари бекорхӯҷаашро хумори банг гирад, ягон баҳона ёфта, ӯро зери мушту лагад мегирифт ва бисёр бераҳмона мезад. Ҷони Мастура аз чунин зиндагии пур аз ранҷу азоб ба лабаш расида буд, аммо роҳи халосиро намедонист...
Шавҳари бангӣ ба Русия рафту беному нишон гашт
Ҳамин тавр аз байн ду сол гузашт ва шавҳари Мастура азми Русия намуд. Ҷавонзан дар умқи дил хурсанд буд, ки муддате аз ранҷу озори шавҳари бангиаш халос мешавад. Дуои зан мустаҷоб гашт ё тақдир чунин будааст, ки шавҳараш баъди шаш моҳи ба Русия рафтан беному нишон гашт. Муддати 5 сол мешавад, ки аз вай дарак нест, на ягон бор занг мезанад вана касе мурда ё зинда буданашро намедонад, гӯё замин ӯро ба қаъраш фурӯ бурда бошад, ҳеҷ кас дар борааш ягон маълумот надорад.
Монеаи бузург дар роҳи бахт
Мастураро марди дигаре талабгор шудааст, аммо ҷавонзан намедонад чи гуна ақди никоҳашро бо шавҳари бангиаш, ки чандин сол боз бе ному нишон гаштааст, бекор карда, оилаи солим бунёд намояд...
Мастура ягона зане нест, ки тартиби бекор кардани ақди никоҳро намедонад. Қисми зиёди занону духтароне, ки бо сабабҳои гуногун аз таҳсил дур мондаанд, бо сабаби паст будани маърифати ҳуқуқиашон дар чунни ҳолатҳо ба куҷо муроҷиат карданашонро намедонанд.
Барои бекор кардани ақди никоҳ чӣ бояд кард?
Тартиби бекор кардани ақди никоҳ дар Кодекси оила ва бақайдгирии давлатии бекор кардани никоҳ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” нишон дода шудааст. Ҳамсароне, ки бо сабабҳои гуногун дигар бо ҳам зистан намехоҳанд, барои бекор кардани ақди никоҳашон бояд ба мақомоти САҲШ ё суди ҷойи истиқоматашон муроҷиат намоянд.
Ҳуқуқшиносон чӣ мегӯянд?
Тавре ҳуқуқшинос Ҷалолиддини Ҳақназар зимни суҳбат бо мо гуфт: “Тартиби бекор кардани ақди никоҳ дар моддаҳои 19-23-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Зану шавҳар фарзандони ноболиғи муштарак надошта бошанд ва байнашон баҳси молу мулкӣ мавҷуд набошад, метавонанд барои бекор кардани ақди никоҳашон ба мақомоти САҲШ-и ҷойи истиқоматашон муроҷиат намоянд. Дар сурати фарзандони ноболиғ доштани ҳамсарон ақди никоҳ бо роҳи судӣ бекор карда мешавад. Зан ё шавҳар ба бекор кардани ақди никоҳ розӣ набошад, ҳамсари дигар барои бекор кардани ақди никоҳ бояд ба суд муроҷиат намояд. Яке аз ҳамсарон дар Русия ё кишвари дигар қарор дошта бошад, ба шахси боваринокаш ваколатнома медиҳад, то ки аз номи ӯ дар суд баромад кунад...”.
Тибқи гуфтаҳои ҳуқуқшинос агар яке аз ҳамсарон зиёда аз 2 сол инҷониб бедарак гашта бошад, аввал барои бедарак ғоибгашта ё вафоткарда эълон кардани ӯ ба суд муроҷиат намудан лозим аст. Тибқи моддаи 43-и Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар дар давоми 1 соли охир доир ба маҳали қарор доштани шахси бедаракгашта ягон маълумот мавҷуд набошад, суд метавонад ӯро бедарак ғоибшуда эътироф кунад. Дар сурати дар давоми зиёда аз 3 сол дар бораи шахс мавҷуд набудани ягон маълумот, суд ӯро вафоткарда эълон карда метавонад, агар дар ҳолате бедарак гашта бошад, ки хатари марг ба ҳаёташ таҳдид мекард ва ё гумони аз ҳодисаи нохуш ба ҳалокат расиданаш вуҷуд дорад.
Пас аз бедарак ғойибгашта ё вафоткарда эълон шудани шахс аз ҷониби суд, барои бекор кардани ақди никоҳ ба суд ариза пешниҳод намуда, дар баробари дигар ҳуҷҷатҳо санади судиро дар бораи бедаракшуда ё вафоткарда эълон гаштани шахс пешниҳод намудан лозим аст.
Барои бекор кардани ақди никоҳ кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
Ҳамсароне, ки хоҳиши бекор кардани ақди никоҳи худро доранд, бояд ба маќомоти САҲШ дар шакли хаттӣ аризаи муштарак пешниҳод намоянд. Дар ариза розигии зану шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ, ҳомила набудани зан ва надоштани фарзандони умумии ноболиғро қайд кардан лозим аст. Дар ариза насаб, ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуд, маҳали истиқомати ҳар кадоме аз ҳамсарон, насабе, ки ҳар яке аз ҳамсарон ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ қабул менамоянд, бояд қайд карда шавад.
Ба ариза дар бораи бекор кардани ақди никоҳ нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти ҳамсарон, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ҳангоми гум шудани он нусха аз сабти асноди ақди никоҳро замима кардан лозим аст. Бекор кардани ақди никоҳ ва ба қайди давлатӣ гирифтани бекоркунии ақди никоҳ дар муҳлати як моҳ аз рӯзи додани ариза амалӣ карда мешавад.
Бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ
Бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти САҲШ-и маҳали истиқомати ҳамсарон, яке аз онҳо ё ҷойи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ба қайд гирифта мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия ё кишвари дигар зиндагӣ мекунанд, метавонанд барои бекор кардани ақди никоҳашон ба сафоратхона ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар муроҷиат намоянд. Дар чуниин ҳолатҳо муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст, ки дар муддати як моҳ аз рӯзи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ ба ҷойи нигоҳдории асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ хабар расонад.
Тағйири ному насаб баъди бекор кардани ақди никоҳ
Ҳамсаре, ки ҳангоми ақди никоҳ насаби худро тағйир додааст, пас аз бекор кардани ақди никоҳ ҳуқуқ дорад насаби мазкурро тағйир диҳад ё надиҳад. Дар сурати тағйир ёфтани насаб дар асоси сабти бекор кардани ақди никоҳ, ба дигар ҳуҷҷатҳои шахс тағйирот ворид карда мешавад. Пас аз бекор карда шудани ақди никоҳ “Шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ” дода мешавад.
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Ислоҳоти низоми САҲШ»-и БРСММ таҳия шудааст, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария амалӣ карда мешавад.