Салом! Шавҳари ман бисёр марди асабонӣ, дағал ва бадхашму бадзабон аст. Вақте барои ягон чиз ҷанҷол мекунем, гапҳое аз даҳонаш мебарояд, ки на дар шариат рост меояду на дар тариқат. Як рӯз вақти ҷанҷоламон “рав, ҷавобатро додам” гуфт, вале баъд пушаймон шуда, боз омад. Мехоҳам донам, ки никоҳи мо бурида шудааст ё не?
ЗАРРИНА, сокини шаҳри Ҳисор
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Дар масъалаи талоқ ва қасам шариат урфу одати мардумро ба назар мегирад. Вақте зан гиребони шавҳарашро гирифта, талаб мекунад, ки талоқи маро деҳ, ҳукми талоқро надорад, чунки соҳиби талоқ мард аст, на зан. Вақте зан аз шавҳараш талоқ талаб накардааст, вале баногоҳ аз даҳони мард мебарояд, ин ҷо нияти мард эътибор дорад, ки ин суханро ба чӣ хотир гуфтааст, яъне дар ҳақиқат занашро талоқ додан мехост ё фақат тарсонданӣ буд.
Умуман, масъалаи талоқ танҳо бо гуфти зан ҳал намешавад, ин ҷо назари худи мард, яъне шавҳар ва шоҳидон зарур аст, то дуруст қазоват шавад. Шуморо лозим аст, ки ҳамроҳи шавҳаратон ба Раёсати фатво оед, то аз наздик бо шумо суҳбат намуда, асли ҳодисаро фаҳмем ва баъдан маслиҳати дуруст диҳем.