Бо сабаби нооромӣ дар қаламрави Русия мехоҳам ба кишварам баргардаму шаҳрвандиамро аз нав ба қайд гирам.
Вале намедонам, ки барои дубора шаҳрвандиро қабул кардан, маро чӣ интизор бошад. Оё ман ин ҳуқуқро дорам?
Ш. Б., зодаи Тоҷикистон.
Шаҳрванд ҳуқуқ дорад шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барқарор намояд. Тибқи талаботи қисми 3-и моддаи 17-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумњурии Тоҷикистон” шаҳрвандони собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд тибқи дархосташон ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шаванд.