Мо аҳли оила душаҳрвандӣ дорем. Як моҳ пеш ба маросими тӯйи арӯсии хоҳарам ба Русия омадаму бо фарзандонам инҷо мондем.
Дар Русия шавҳарамро ба комисариати ҳарбии минтақа даъват кардаанд. Тибқи қонуни ҶТ ҳамчун шаҳрванди ин кишвар ҳуқуқ дорам, ки монеаи рафтани шавҳарам ба ҷанг шавам?
З., ш. Кӯлоб.
Ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон монеи рафтани шавҳаратон ба ҷанг дар Федератсияи Россия шуда наметавонед.Тартиби сафарбар кардани шаҳрвандони Федератсияи Россия ба ҷанг аз рўи қонунгузории Федератсияи Россия ба роҳ монда мешавад.