Arzon march 2024
ШАРОФИДДИН ИМОМОВ ДАРГУЗАШТ
1694


Шарофиддин Имомов, яке аз дипломатҳои собиқадори Тоҷикистон, ки тайи 12 сол вазифаи сафири Тоҷикистонро дар Афғонистон иҷро намудааст, субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Дар ин бора афроди наздик ба Имомов дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд, аммо ҷузъиёти бемории сафир ироа нашудааст.
Маросими видоъ бо марҳум баъди зуҳри имрӯз дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
Имомов моҳи сентябри соли гузашта бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми сафирӣ дар Афғонистон ба нафақа фиристода шуда буд.
Профессор Имомов соли 1956 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мебошад. Ӯ то гузаштан ба хизмати давлатӣ устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
То таъйинаш ба мақоми сафирӣ аз соли 2003 то 2008 дар мақоми мушовири Президенти Тоҷикистон дар умури сиёсати байналмилалӣ кор кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД