Formula novemver 2024
ШАРМАНДААМ КАРДӢ, МАРДАК! (ШАКЛИ ПУРРААШ)
18.06.2021
ДИЛОШУБ
6183

 

 

Ман медонистам, ки шавҳарам ба ман хиёнат мекунад, чун дигар ҳамсарони марони сарватманд инро як чизи муқаррарӣ мепиндоштаму ҳеҷ гоҳ ба вай ҳарфи зиёдатие намегуфтам.

Аз шаб дер омаданҳояш, баъзан наомаданҳояш ҳам, аз он ки аз баданаш бўйи атри занона меомад… Боз ҳазорон нишонаи хиёнатро эҳсос намуда, чашм мепўшидам, ба умеде, ки рўзе ақлаш ба сараш мезанад. Хонаву дари обод, чор фарзанди нозанин, зиндагии шоҳонаамро пеши назар оварда, хизмати шавҳараму пайвандонашро аз дилу ҷон мекардам, вале…

Беҳтараш қиссаи зиндагиямро ба шумо хонандагони азизи ҳафтавори дўстдоштаам «Оила» нақл мекунам, шояд нафаре ёфт шавад, ки ба аҳволи ман гирифтор шудаасту маслиҳаташро аз ман дареѓ надорад…                      

    Соҳибҷамоли деҳа

Ман дар деҳа ба дунё омадаву бузург шудаам, падару модарам одамони оддӣ буданд. Аз меҳнати ҳалоли деҳқонӣ рўз мебурданд, дар оила мо чор писару як духтар будем. Мани хоҳари кенҷагиву якдона-духтарро волидону бародаронам зиёд дўст медоштан, вале эрка намекарданд. Ҳамин буд, ки як духтари меҳнатии хизматгор ба воя расидам, таъриф намекунаму дар ҳусну латофат дар деҳа дар ҷойи аввал меистодам. Ҳама ҷавонон ба сўям ба назари харидорона менигаристанд, вале аз тарси бародаронам ягонтои онҳо изҳори ишқ намекард. Мактабро хатм кардаму хостгорон остонаи хонаамонро ба қавли маъмул охўрча карданд, вале касе намедонист, ки ман аллакай дар дилам номзади худро дорам. Зеро ин сирро чун алмоси қимматбаҳо дар сандуқи дилам баҷо карда будаму ҳеҷ гоҳ ба касе рози дил нагуфта будам. Ҳама бародаронам зан гирифта буданду янгаҳоям ба ман мисли апа меҳрубон буданд, ҳатто онҳо намедонистанд, ки дар дили ман чӣ гап аст..

Падарам маро зиёд дўст медоштанду кадом хостгоре биёяд, даъват карда наздашон шинонида, ризоиятамро мепурсиданд. Ман не мегуфтам, ин кори падарам ба модарам маъқул набуду мудом он касро сарзаниш мекарданд, ки маро эрка мекунад.

-Ҳой мардак, ба умеди ризоият пурсидани туву ризо шудани духтарат истем, ин шоҳдухтарат пирдухтар шуда мемонад,- мегуфтанд бо зарда. Падарам даст афшонда посух медоданд, ки духтари ман ҳеҷ гоҳ пирдухтар намешавад. Бигузор худаш хуш карда гирад, издивоҷ савдои умр аст. Ҳамин тавр, рўзҳо паси сар мешуданду ман интизори шоҳзодаи орзуҳоям менишастам. Аҳли хонадонамон дар ҳайрат буданд, ки чаро ман домодҳои арзандаро рад кардам? Аммо ин сирро худам медонистаму Худо…

         Ишқи ҳамсояписар

Дўстдоштаи ман дур не, сад қадам онсӯтар аз ҳавлиямон зиндагӣ мекард, аммо ҳоло дар хориҷи кишвар таҳсили илм мекард. Саъдӣ писари ҳамсояамон- кампири Дилором аз ман панҷ сол калон буд ва дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Маскав таҳсили илм мекард. Кампири Дилором чор писар дошт ва ҳамаашон маълумоти олӣ дошта, дар вазифаҳои баланд кор мекарданд. Мегўянд, ки шавҳари ў раиси ноҳия будаасту дар зимистони қаҳратуне ба кўҳ ба назди чӯпонҳо рафта, дар роҳи бозгашт ба садама афтида, ҳалок мешавад. Кампир, ки он вақтҳо хеле ҷавон будааст шавҳар накарда, писаронашро хеле сазовор ба воя мерасонад. Ду писари калонияш дар шаҳр кору фаъолият доштанд, миёнагӣ дар ҳукумати ноҳия кор мекард ва Саъдӣ донишҷў буд.

Тобистони соли гузашта ўро дар сари чашма вохўрдам. Саъдӣ ба ман нигариста гуфт:

-Гулсимо, ин қадар зебо шудаӣ.

Ман шарм дошта сатилҳоямро бардошта, зуд-зуд қадам монда, аз ў дур шудам, вале рўзи дигар боз вохўрдем. Саъдӣ ин дафъа наздиктар омада гуфт:

-Гулсимо, илтимос, шавҳар накун, ман туро ба занӣ мегирам ва хушбахти дунёят месозам. Баъди мактабро хатм намуданат, як солаки дигар сабр кун, илтимос.

Байни ману Саъдӣ ҳамин қадар гуфтугузор шуда буд, ман ҳатто ба вай ваъда ҳам надодам, ки интизораш мешавам, вале сукутам аломати ризо буд. Саъдӣ ҷавони болобаланди сафедпўсти зебое буд, ҳама духтарони деҳ ба ў бо ҳавас менигаристанду мешунидам, ки орзуи арўси ў шуданро мекунанд, аммо ў ба касе нигоҳ намекард. Ман бо як нигоҳ ошиқи Саъдӣ гашта будаму омадани ўро интизорӣ мекашидам..

            Вафодор

Саъдӣ донишгоҳро хатм карда баргашту дар Душанбе соҳиби ҷойи кор шуд. Бародаронаш дар як гўшаи шаҳр барояш ҳавличаи зебое низ харидорӣ карданд. Акнун арўси нозанине лозим буд. Кампири Дилором бехабар аз дили ман вақти сўҳбат бо модарам гоҳ ин духтарро барои писари кенҷааш арўс мехосту гоҳ духтари дигарро, аз чӣ бошад, ки ҳаргиз номи маро ба забон намегирифт. Аз ин рафтори кампир қаҳрам ояд ҳам, ба зӯр худамро медоштам. Пас аз ду моҳи ба ватан баргаштани Саъдӣ ў ба деҳа омаду хостгоронашро ба хонаи мо фиристод. Кампири Дилором майли писарашро ба ман дида, гуфтааст, ки «духтари шоҳи париён» ин қадар касро баргардонду назараш туи сафедкандаро мегирад?! Хайр, барои дилат меравем…

Падарам хостгории Саъдиро ба хушнудӣ пазируфту гуфт, ки ман розӣ, аммо гап дар даҳони духтар. Вақте падарам аз ман пурсид, ки ба Саъдӣ ба шавҳар мебароям ё не, ман бебокона ҳа гуфтаму ҳамаро дар ҳайрат гузоштам. Пас аз як моҳ тўйи мо баргузор гашт ва пас аз гузаштани чиллаамон ману Саъдӣ ба шаҳр омадем.

        Раиси занакбоз

Саъдӣ донишу малакаи хуб, ки дошт, дар зинаҳои мансаб зуд боло рафт, акнун ў раис буду дар гирдаш даҳҳо нафар парвона. Ба ҷойи ҳавлии оддиякамон ҳавлиҳои бошукўҳ қад афрохтанду соҳиби чор фарзанди нозанин шудем. Дар зиндагӣ аз чизе камбудӣ надоштем, кампири хушдоманам аз ман ризо дунёро падруд гуфт, ҳеварҳоям низ дўстам медоштанд. Шавҳарам низ ягон беҳурматиям намекард, вале медонистам, ки бо занҳои дигар алоқа дорад. Ман аз ҳама чиз чашм мепўшидам, вале…

Як моҳ пеш, бегоҳ дар ошхона ба тайёр кардани хӯроки шом машѓул будам, ҳарчанд ёрдамчӣ дорам, вале хўрокро худам тайёр мекунам. Ҳамон бегоҳ шавҳарам барвақттар омада, дар хона телевизор тамошо мекард. Ҳамин вақт касе дарвозаамонро ба тамоми ҳастӣ кўфт, давида рафта, онро кушодам. Пушти дар як зани ҷавон ва як духтараки лоѓарандоми чордаҳ-понздаҳсола меистоданд.

-Тинҷӣ?- Пурсидам аз онҳо, ҳамин вақт духтарак бо тамоми овоз фарёд зад:-Ман зани Саъдӣ, канӣ шавҳари ман, фарёд кун ўро, ту бояд бидонӣ, ки ў аз ман аст!

Ман худамро гум кардам, намедонистам чӣ кор кунам. Ҳамин вақт шавҳарам аз хона баромада гуфт:

-Шаҳноз, чаро ту ин ҷо омадӣ?!

-Барои он ки ман бе ту наметавонам, барои он ки ман туро дўст медорам,- фарёд зад духтарак ва худро ба гардани шавҳарам овехт.

Зан омада, духтарро ба зӯр аз гардани шавҳарам канда гирифту гуфт:

-Ту ҳаром, медонӣ, ки духтари ман дар синфи нўҳ мехонад?! Туро говсуд мекунам, лаънатӣ!

Ҳамсояҳо назди дарвозаамон ҷамъ шуда, ин кинои бепулро тамошо мекарданд. Саъдӣ аз дасти духтарак кашида, ба мошин шинонду ҳамроҳи модараш ўро гирифта бурд. Фишори ман баланд шуда, беҳуш гаштаам, хизматгор духтур даъват кардааст. Саъдӣ баъди чанде даромада омаду наздам бо сари хам узр пурсида гуфт:

-Маро бубухш азизам, ҳамин хел шуд, аммо ман хоки пойи ту ва фарзандонамро аз ин гунаҳо боло медонам…

Инак, як моҳ мешавад, ки бо шавҳарам зери як бом мисли бегонаҳо зиндагӣ дорем, бо ў умуман гап намезанам. Хўрокашро ҳам хизматгор мепазаду либосашро низ ў мешўяд, ҳеҷ ба худ намеоям. Саъдӣ чанд бор хост маро ба сўҳбат кашад, аммо нахостам.

Намедонам ояндаи мо чӣ мешавад, бародарону ҳеварҳоям мегўянд, ки сабр кун, ҳамааш мегузарад, аммо дили ман аз дунё мондааст..

   Гулсимо

                                                

 

                                            

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД