Ашки чашмони ин зани солхӯрда мисли дарёи маҷрогумкарда ба рӯйи рухсораҳои пурожангаш мешораду мешорад. Модар чунон талху пуралам мегиряд, ки дили санги хоро ҳам бо дидани ашкҳои сӯзонаш об мешавад, охир чӣ хел нагиряд, ки вай бо садҳо умеду орзу якто не, нӯҳ фарзанд ба дунё овардааст, вале имрӯз модаре, ки чаҳор писару панҷ духтари баркамол дорад, ҷою маконе намеёбад, ки дар дами пирӣ сари пахтасон сафедгаштаашро лаҳзае ба болин ниҳад. Бале, холаи Шарифамоҳро бемеҳрии фарзандон, ҷаҳли шавҳар, бозиҳои бераҳмонаи тақдир ва азоби бехонагию дар ба дарӣ ба идораи ҳафтаномаи Оила овардааст.
Биёед, дарди дили ин зани солхӯрдаро аз забони худаш бишнавем.
-Сараввал худро муаррифӣ мекардед?
-Ман Шарафмоҳ Машрабова, сокини деҳаи Қумсангири ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Қумсангир мебошам. Маро душвориҳои зиндагӣ ба даргоҳи ҳафтаномаи “Оила” овард. Дар дами пирӣ тақдири бераҳм мани бадбахтро бехонумон ва хонабардӯш гардонд. Ақаллан як кулбаи лойин надорам, ки сарамро ба болин ниҳода, як лаҳза ҳам бошад, дами бе ғам занам.
-Магар шавҳару фарзанд надоред?
-Дорам, аниқтараш доштам, лекин 10 сол пеш аз шавҳарам ҷудо шудаму рӯзам сиёҳ гашта, ҳаётам такорӯ шуд. Аз бозе, ки аз шавҳар ҷудо шудам, ягон рӯзи хушро надидам. Ҷонам аз ранҷу азоби бисёр чунон ба лабам расидааст, ки баъзан мехоҳам худкушӣ кунам, вале боз адешаи фардои қиёматро карда, гиребони тавба медорам.
-Одатан оилаҳои ҷавон аз ҳам ҷудо мешаванд, вақте ки фарзандон ба камол расиданд, зану шавҳар дигар талоқу ҷудоиро ба худ айб ва ор медонанд. Агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки чаро дар дами пирӣ аз шавҳаратон ҷудо шудед?
-Ҳамааш аз бемории падарам сар шуд. Вақте ки мӯйсафеди падарам мариз шуда, ба бистари беморӣ афтод, қарзи фарзандии худро адо карданӣ шуда, бо иҷозати шавҳарам ба хонаи волидонам омадам, то падарамро нигоҳубин кунам. Тахминан як ҳафта пас падарам аз дунё гузашт. Бо ғаму дарди худ овора шуда, ман дигар барои то маросими ҳафти падарам дар хонаи волидонам мондан аз шавҳарам иҷозат нагирифтам. Вақте маъракаҳои мотамиро гузаронда, ба хонаи худам баргаштам, падари фарзандонам қиёматро қоим кард, ки ту маро писанд намекунӣ ва бе иҷозат ин қадар вақт дар хонаатон истодӣ. Ҳамин тавр муносибати оилавии мо вайрон шуд ва шавҳарам дар дами пирӣ маро талоқ дод.
-Фарзанд надоред?
-Дорам, як то не, нӯҳ фарзанд дорам: чаҳор писару панҷ духтар.
-Вақте ки аз шавҳаратон ҷудо шудед, бачаҳоятон чандсола буданд?
-Фарзандонам баркамол буданд. Ду писарамро хонадор карда, ҷаҳор духтарро бо обрӯ ба шавҳар дода будем.
-Маълум мешавад, ки 25-30 сол бо шавҳаратон зери як бом зиндагӣ кардаед. Барои тақсими мерос даъво накардед?
-Вақте ки шавҳарам талоқамро доду мо ҷудо шудем, суд се хонаро ба ману фарзандонам ва ду хонаро ба шавҳарам ҷудо кард. Замини калон доштем, онро байни аъзоёни оила тақсим карданд. Ба ман қариб 12 сотих замин расид. Шавҳарам мудом ҷангу ҷанҷолу хархаша карда, гоҳ меҳмонхонаро талаб мекарду гоҳ хонаеро, ки ман зиндагӣ мекардам. Бародаронаш ҳам маро ба ҳоли худам намонда, талаб мекарданд, ки баромада равам. Билохира, ҷонам аз ҷангу ҷанҷол, дашному ҳақорат ва кашмакашу моҷаро ба лабам расид ва қарор додам, ки ба ягон ҷойи дуртар мекӯчам. Хонаро ба марде савдо кардам ва пулашро гирифтам. Дар ин миён духтаронам таваллуд карданд ва нисфи пули хона сарфи гаҳворабандону дигар маъракаҳо шуд. Вақте харидор кӯчу бандашро оварданӣ шуд, шавҳарам ва бародараш қиёматро қоим карданд, ки мо одами бегонаро роҳ намедиҳем. Мард дид, ки хонаи ман ҷанҷолӣ аст, аз фикраш гашта, пулашро бозпас талаб кард, вале аллакай нисфи маблағ сарф шуда буд. Маҷбур шудам, ки хонаро бо нархи ночиз ба бародари шавҳарам фурӯхта, пули аз харидори аввал гирифтаамро баргардонам. Ҳамин тавр, ман ҳам аз хона ва ҳам аз пул маҳрум шуда, дар ба дару хок бар сар шудам.
-Гуфтед, ки фарзандонам аллакай оиладору соҳиби хонаву дар буданд. Чаро ба хонаи ягон писаратон нарафтед?
-Эҳ хоҳарҷон, бачаҳоям ҳатто ба саломи ман алейк намегиранд, маро оча намегӯянд, магар онҳо маро ба хонаашон роҳ медиҳанд?! (Холаи Шарафмоҳ чунон талху пуралам гиря кард, ки ман аз саволи додаам пушаймон шудам.)
-Чаро фарзандонатон аз шумо рӯй тофтаанд?
-Духтаронам не, фақат писаронам аз модар рӯй тофтаанд. Ростӣ, намедонам дар назди онҳо чӣ гуноҳи азим кардаам, ки ҳатто маро тасодуфан дар кӯча бубинанд ҳам, рӯяшонро ба дигар тараф тофта, чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё маро аслан надидаанд ё вуҷуд надорам. Шояд гуноҳам он бошад, ки онҳоро ба дунё овардаму бо шири сафед ва хуни ҷигар калон кардам?!
-Муносибати писаронатон аз аввал бо шумо чунин сард буд?
-Пештар очаҷон гуфта, дар гирдам парвона буданд, намемонданд, ки поямро ба замин сахттар монам, вале баъди он ки шавҳарам талоқи маро дод, муносибати писаронам бо ман тағйир ёфт. Намедонам падарашон ба онҳо чиҳо гуфтааст, ки маро чашми дидан надоранд. Вақте ки дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекардем, бачаҳоям ҳатто вақти аз муҳоҷират аз Русия омаданашон бо ман салому алейк намекарданд. Маро дар рӯйи ҳавлӣ дида, зери лаб ғур-ғуркунон ҳар хел гапҳои талх ва нешдор мезаданд. Суханони таҳқиромези фарзандонам мисли теғ аз мағзи дилу ҷонам мегузашт. (Модар боз мегиряд)
-Ба хонаи духтаронатон чаро намеравед?
-Метарсам, ки аз рӯйи ман шуда, духтаронамро шавҳаронашон талоқ надиҳанд, аз ҳамин хотир, ба хонаашон намеравам. Худи духтаронам баъзан маро хабаргирӣ меоянд, вале духтар моли мардум аст, шавҳараш иҷозат диҳад, меояд, надиҳад не.
-Айни замон дар куҷо зиндагӣ мекунед?
-Духтари кенҷаамро шавҳараш бо ду фарзанд талоқ дода, аз дар берун кард. Очаву духтар хонаеро иҷора гирифтем, то сарҳои сахтамонро паноҳ кунем.
-Пули иҷораро чӣ тавр пардохт мекунед?
-Духтарам пешхизмат шуда, кор мекунад. Ҳар рӯз бар ивази меҳнаташ ба ӯ 30 сомонӣ медиҳанд. Дар як моҳ 600-700 сомонӣ мешавад, ки нисфи ин маблағро ба иҷорапулӣ медиҳем.
-Духтаратон чаро аз шавҳараш ҷуд шуд?
-Домод нағздида доштааст, аз рӯзи аввал духтарамро дӯст надошт. Мудом мезад, дашному ҳақорат медод ва мегуфт, ки даҳ фарзанд таваллуд кунад ҳам, ӯро талоқ дода, духтари дӯстдоштаи худашро ба занӣ мегирад. Духтарам ҳам худам барин сиёҳбахт нашавад гуфта, мудом таъкид мекардам, ки тоқат кунад, вале сабри духтарам меваи ширин надод. Билохира, баъди соҳиби ду фарзанд шудан шавҳараш ӯро талоқ дода, аз дар берун кард ва духтару писарчаи хурдсолашро аз дасташ кашида гирифт.
-Ба суд муроҷиат накардед?
-Кардем, вале бо сабаби манзили зист надоштани духтарам аризаи моро рад карданд. Бечора духтаракам дар ҳасрати фарзандонаш дарун ба дарун сӯхта, дар пеши чашмам мисли шамъ рӯз то рӯз обу адо шуда истодааст.
-Мақсади ба редаксия муроҷиат карданатон чист?
-Аз Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, аз тамоми шахсони саховатманд хоҳиш не, зориву илтиҷо дорам, ки ба ман як модари зору ҳайрони тоҷик, ки 9 фарзандро ба дунё оварда, дар дами пирӣ дар кӯча мондааст, дасти ёрӣ дароз намуда, ақаллан як кӯлбачаи хасӣ ва лойи диҳанд, то ки сарамро бо духтари сиёҳбахтам паноҳ карда, набераҳои хурдакакамро ба хона биёрам. Намехоҳам як умр духтарам дар ҳасрати дидори фарзандонаш сӯзад. Намехоҳам, ки тобути пуралами ман, як модари зори бачадори бе бачаро аз дари хонаи мардум бароранд. Мехоҳам ҷони аз зиндагӣ наосудаамро дар кулбачаи хасин ҳам бошад, дар хонаи худам ба ҷонофарин супорам!
Болинам аз оби дида тар мешавад, аммо...
Зӯҳро-духтари холаи Шарафмоҳ мегӯяд, баъди он ки шавҳараш талоқи ӯро дод, бо сабаби бехонагӣ ду фарзанди хурдсолашро аз дасташ кашида гирифтанд ва ҳатто иҷозат намедиҳанд кӯдаконашро ба серӣ бубинад. Духтарчаи шашсолааш ӯро намешиносад ва ба ҷойи оча хола мегӯяд. Дар ҷавоби суханони ӯ дар бораи он ки вай хола не, балки модараш мешавад, духтарча мегуфтааст, ки агар ту очаи ман мебудӣ, ману додарчаамро партофта намерафтию бо худ мебурдӣ. Зуҳро бисёр мехоҳад, ки фарзандонаш дар канораш бошанд ва дар оғӯши гарму пурмеҳри модар ба воя расанд, аммо бо сабаби бехонагӣ суд кӯдаконро ба ӯ намедиҳад. “Шабҳо фарзандони хурдсолам ба хобам медароянд. Бовар кунед, дар хоб чунон бо алам гиря мекунам, ки вақте бедор мешавам, мебинам болини зери сарам аз оби дида тар шудааст” ҳасрат мекунад ин ҷавонзани дар ҳасрати фарзанд сӯхта.
Некӣ куну ба дарё андоз
Мардуми тоҷик масали хубе доранд ”Некӣ куну ба об андоз!” Писарони холаи Шарафмоҳ аз модар рӯй тофта, ӯро суроғ намекунанд, вале мо умедворем, ки хонандагони хайрхоҳу хайрандеши ҳафтаномаи “Оила” нисбати тақдири ин зани азияткашида ва духтари сиёҳбахташ бетарафӣ зоҳир накарда, ба қадри тавон ва имкони худ ба онҳо кӯмак мерасонанд. Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин модари дар кӯча монда ва духтари сиёҳбахташ дасти ёрӣ дароз намоянд, метавонанд ба рақами 93-55-73-233 занг зада, бо холаи Шарафмоҳ ҳамсӯҳбат шаванд ва дарди дили ин зани солхӯрдаро аз забони худаш бишнаванд ва ё хайрияи худро ба корти бонкии 6374600000009395291 (Бонки Эсхата) гузаронанд.
Боварӣ дорем, ки сарнавишти талхи ин модари ҷафокашида ба дигар ҷавонон дарси ибрат мегардад ва дар пирӣ падару модари худро хору зор шудан намемонанд, охир волидон бо ҳамин умед сад ранҷу азоб кашида, фарзанд ба дунё меоранд, ки дар дами пирӣ бачаҳояшон асои дасташон гарданд. Дили модарро наёзоред, зеро Паёмбари гиромии ислом, Ҳазрати Муҳаммад Салаллоҳи ва Саллам фармудааст, ки ҷаннат дар зери қудуми модарон аст!