Рўзи якшанбе буду падараш хоб, ў дар ошхона чой карду дар рўи пештахтаи тирези кушодаи ошхона нишаста, бо Ромин суҳбат кард.
Додараш гуфт:
- Падарам зиёд асабиянд, дору хўрда хобиданд. Хӯҷаини модарам имрўз банкет дорад, падарам ўро имшаб сахт азоб дод, ду-се мушташ ҳам зад ба фикрам. Акнун намедонам ҳоли ту чӣ мешавад.
Насрин хуб медонист, ки падараш бо ҳама хубӣ каме ҷоҳилӣ ҳам дорад ва дилаш барои модарҷонаш ғарқоби хун шуд. “Бечора очаҷонам бо дили сиёҳ ба кор рафтааст” андешаҳои духтарро дар пешорўяш пайдо шудани падари хоболудаш канд. Падараш ба ў нигоҳи нафратборе афканда, “ҳе бар падарат лаънат, ту дайдуи шабгарда” гуфта буд, ки Насрин пуштнокӣ рафт…
Вақте ба ҳуш омад, ба гўшаш садои ноошное расид, ки мегуфт:
- Это чудо, просто чудо…
Баъдтар фаҳмид, ки ў ҳамон рўз аз ошёнаи панҷум афтида, ба беморхона афтидааст. Духтурон бо ҳайрат мегуфтанд, ки аз он баландӣ дар рўйи замини бетонпўш афтидану намурдан муъҷизаи илоҳист, дигар ҳеҷ. Баъд сар шуд азобҳои Насрину модараш, ҷарроҳиву доруву сӯзандору, коре карда, Насринро баъди шаш моҳ бо аробачаи маъюбӣ ба хона оварданд. Падараш тобу тавони дидани духтари маъюбашро надошт, аз ин рў, аз тарафи завод хобгоҳ гирифта, ба он ҷо кўч баст. Пули ёфтаашро барои онҳо равон мекард, аммо дигар бо онҳо зиндагӣ накард. Модараш, “ин тақдири Худо асту ту гунаҳгор нестӣ” гўён, шавҳарашро аз раъяш гардонданӣ шуд, аммо падараш дигар наомад. Гоҳе меомад, ҳадяҳои зиёде харида, вале дар зиндагии онҳо доимӣ набуд. Ромин ҳам ба яке аз донишгоҳҳои Олмон дохил шуда, ба хориҷа рафт, дар хонаи калон духтару модар монда буданд. Насрин модарашро маҷбур кард, ки ба кор барояд, модар дар як тарабхона ба ҳайси ошпаз ба кор даромад. Насрин оҳиста-оҳиста ба зиндагии наваш мутобиқ шуда, корҳои хонаро мекард, хўрок мепухт, баъд ба шуъбаи ғоибонаи донишгоҳ дохил шуда, дар бонке ба кор даромад. Кораш сабук буд, вале ҳар субҳ модараш ўро ба кор бурда мемонд ва бегоҳ аз кор меовард, дугонае ҳам дошт бо номи Лена, ки бисёр вақт дар бараш буд…
Анас, ҷавонмарди ошиқ шаш моҳи аввал, қариб ҳар рўз аз аҳволи Насрин хабар мегирифт, вале баъд аз зиндагии ў батамом ва якбора рафт. Ба Насрин ҷавонони ҳамтақдири худаш, ҳатто солимҳо ҳам изҳори муҳаббат мекунанд, аммо ў намехоҳад. Дигар ба ишқ бовар надорад.
Як умр ба дӯш кашидани бори вазнини духтари маъюб ба саломатии модараш беасар намонд, ў ба бемории грижаи сутунмуҳра гирифтор шудааст. Насрин пул ҷамъ карда, мехост барои худаш мошини махсусе барои маъюбон харад, акнун як ният дорад, модарашро дар хориҷа ҷарроҳӣ кунад. Ромин ҳам донишгоҳро хатм кардаву оиладор шудааст, кор мекунад ва ба онҳо ёрӣ медиҳад. Имрўз дарди модар хурўҷ карду Насрин ёрии таъҷилиро ҷеғ зад…
Шӯрбои мурғии Насрин тайёр шуд, Ромин занг зада, хабар дод, ки Худо хоҳад, ҳафтаи дигар меояд ва модарро барои табобат ба хориҷа мебарад.
- Ту ҳам аз назари духтур бояд бигзарӣ, шояд роҳи табобатат мавҷуд бошад,- ўро умед бахшид додараки дилсўзаш.
Модар бедор шуд, онҳо якҷоя хўрок хӯрданд, модар дуои дастурхонро хонда, мисли ҳарвақта гуфт:
- Шукронаи фарзандонам, шукрона, Худоҷон, ки духтаракамро дубора ба ман баргардондӣ, агар ў намебуд, дар ин рўзҳои бароям вазнин чӣ кор мекардам.
Дили Насрин аз ин меҳрубониву шукргузории модар об шуд, бо ҳамин қадар азобҳое, ки ў барои модар оварда буд, боз ў шукргузор аст. Насрин дар дил орзуҳои зиёд дорад, ки якумаш сиҳат дидани модар аст.
Рухсора САИД