Дар маҳаллаи маъруф бо номи “Аэропорти кӯҳна”дар ҳавои гарму тафсони рӯзи равшан Иродаи 43 - сола дар зери офтоби сӯзони назди зинапояҳои роҳи зеризаминӣ машғули мутолиаи китоб буд. Роҳгузарон аз пешаш мегузаштанду бо нигоҳи ҳайратомез сӯяш менигаристанд. Мехостанд тангае тарафаш дароз кунанд, аммо ҷуръат намекарданд. Чаро?
Аз чеҳраи ӯ маълум буд, ки зани заковатманду бохирадест ва ба талбандаҳои роҳ шабоҳат надорад. Ҳамин тавр, роҳгузарони дудила роҳи худро давом медоданд, бехабар аз он, ки Ирода қариб як ҳафта боз дар кӯча рӯзро шаб карда, нишастгоҳи истгоҳ барояш рахти хоб гаштааст.
Яке аз занҳои дилсӯзу саховатпеша Раҳматова Зулӣ, ки худ низ дар маҳаллаи мазкур истиқомат мекунад, ду рӯз қабл ба хотири аз дарди дили Иродаи бесарпаноҳ огоҳ шудан, пораи тарбуз ва чойро гирифта, ба назди ӯ рафт. Пас аз нӯшидани ду пиёла чой ва чашидани тарбузи сершираи хунук табъи Ирода каме болида шуду ба апаи Зулӣ рози дил намуд.
“Дар вақташ факултети филологияро хатм намуда, дар мактаби деҳа ба ҳайси муаллимаи забони русӣ дарс мегуфтам. Солҳои дароз дар ҳасрати оила ва фарзанд месӯхтам. Дар мактабе, ки ман муаллима шуда, кор мекардам, муаллиме ба ман дилбохта шуд. Аввал ҷуръат накардам бо ӯ муносибат намоям. Баъдан фаҳмидам, ки ҳамсараш вафот намудааст ва ӯ ба хотири зангирӣ ба ман чашм ало кардааст.
Ҳамин тавр, бахтам омад карду бо ҳамкорам хонадор шудам. Давоми 4 сол дар зери як бом бо ҳам зиндагонӣ мекардем. Аммо фарзандони аз никоҳи аввалааш тавлидёфта ӯро чунон азоб медоданд, ки арақхӯри ашшадӣ гашт. Зиндагии мо ба дӯзах табдил ёфт. Дигар рӯзгор дар кӯчаро аз хона авлотар донистам. Барои ҳамин саҳифаи 4 - солаи ҳаётамро дар ҳамон хона гӯронидаму баромада рафтам. Инак, як сол мешавад, ки дар кӯчаҳои пойтахт сарсону саргардонам”, - нақл кард Ирода. Зимни суҳбат гиря гулӯгираш менамуду аз чашонаш қатраҳои ашк ба рӯяш мешориданд.
Апаи Зулӣ ба хотири ёфт шудани назидикони Ирода дар саҳифаи фейсбукаш пост навишт, лекин афсӯс ҳеҷ нафаре ёфт нашуд, ки бигӯяд “Ирода хоҳари ман, ё холиа ман ва ё ҷияни ман аст”.
Нафарони некхоҳ ҳанӯз ҳам ёфт мешудаанд дар ҷомеа. Шаҳноза Қурбонова , ки худ корманди ВКД мебошад, аз зумраи он нафарони дилсӯзу хайрандеш аст. Шояд хонанда фикр кунад, ки Шаҳноҳза барояш маводи хӯрокаву либос дод. Мегӯям на! Росташ ин ки хоҳарамон Шаҳноза аз ин бештар саховатмандӣ нишон дод. Ӯ апаи Иродаро гирифта, ба хонаи худ бурд. Ӯро бо ҳуҷраи алоҳида, сару либос ва хӯрок таъмин намуд. Бар замми ин, ӯро бо кор таъмин кард. Ирода ба сифати момодоя кӯдакони Шаҳнозаро нигоҳубин менамояд.
Дар сӯҳбати телефонӣ Шаҳноза ба хабарнигори сомонаи “Оила” Наврӯзмоҳ Вазирбекова дар бораи Ирода чунин гуфт: “Апаи Ирода бениҳоят одами бомаърифатанд. Чун худам серкорам, барои фарзандонам момодоя мегирам. Момодояҳои пешинаам фақат ба хотири рӯзро бегоҳ кардан фарзандонамро нигоҳубин менамуданд, аммо апаи Ирода худро дигар хел нишон дод. Ғайр аз нигоҳубини фарзандонам, инчунин ҳамроҳашон дарси этикаю эстетикаро мегузарад. Бо забони русӣ озод ва бурро муошират менамояд. Муносибаташ низ бохирадона аст”.
Аз идора: Рӯзҳои наздик мусоҳибаи хабарнигори сомона Вазирбекова Наврӯзмоҳро бо Ирода дар сомонаи “Оила” мутолиа мекунед. Интизор шавед!