Formula novemver 2024
Шӯҷаллоб қисми 1
2361

 

Ин қиссаро дар ҳавлии барҳавою зебоям, ки дар Туркия воқеъ аст, ба суроғаи ҳафтвори дӯстдоштаам «Оила» менависам. Зани босаводам, факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллиро хатм намудаам.

Тамоми ҳафтаворҳоро мехонам, вале ба «Оила» меҳри дигар дорам, зеро дар лаҳзаҳои душвори ҳаёт ҳамроҳам буд, онро мехондам, аз қиссаҳои ибратбахшаш сабр меомӯхтам. Сӯҳбатҳо бо шахсони машҳурро мехондаму ба хулосае меомадам, ки ягон зиндагӣ бе пастиву баландӣ нест, сабр бояд кард.

Баъзан дар расонаҳои хабарӣ мебинам, ки баъзеҳо қиссаҳои онро бофтаву афсона номида, ба сари аҳли қаламаш санги маломат меафкананд. Ҳаргиз ин тавр нест, дар зиндагӣ ҳодисаҳое мешаванд, ки ҳатто дар қиссаву кинофилмҳо надидаем.

Мехоҳам сарнавишти талхи худро рӯи саҳфаҳои сафед корам, шояд он дар дили як хонанда нафрат бедор кунаду дар дили дигаре раҳм, аммо аз таҷрибаи худам медонам, ки дили шикастаеро ба зиндагӣ гарм хоҳад кард. Худованд меҳрубон аст ва шокирону собиронро дӯст медорад, пас аз даргаҳи ӯ ноумед набояд шуд…

                              Эркадухтар

Дар деҳаи зебоманзаре ба дунё омадаам, дар оила ду духтар ва ду писар будем, падарам духтур ва модарам ҳамшираи шафқат буданд. Мо дар рӯҳияи озод ба воя расидаем, аз модарам тамоми ҳунарҳои занона ва тозакорӣ, аз падарамон мардонагиву ростқавлиро мерос гирифтаем. Ман духтари кенҷаи хонадон будам, баъди чордаҳсола шудани бародари хурдиям ба дунё омадааму азизи дилу дидаҳо будам.

Бародаронамро зан додему апаамро ба шавҳар, хонаи бародари хурдиямро ҷудо карда, бо бародари калониву падару модарам зиндагӣ мекардем. Акаҳоям донишгоҳро дар риштаи иқтисод хатм намуданду апаам мисли модарам ҳамшираи шафқат буд.

Ман бисёр мехостам ҳуқуқшинос шавам, вале падарам аз ман напурсида, ҳуҷҷатҳоямро ба шӯъбаи шарқшиносӣ супоридаанд. Падарамро аз ҷонам зиёдтар дӯст медоштам, аз ин рӯ, чизе нагуфтаму ба донишгоҳ дохил шудам, зеро дониши хубе доштам. Падарам ба хотири ман дар пойтахт ҳавличаеро харидорӣ намуданду онро ба номи ман карданд. Бо маслиҳати модарам духтари холааму тағоямро, ки дар Донишгоҳи омӯзгорӣ мехонданд, ҳамроҳ гирифтам.

Агар гӯям, ки даврони донишҷӯй беғамтарин даврони зиндагии ман буд, хато намекунам. Зебо мепӯшидам, бамазза мехӯрдам, вазифаам танҳо хондан буд. Панҷ соли донишҷӯй ба як мижжа задан гузашту ман донишгоҳро хатм кардам, хостгоронам зиёд буданд, аммо падарам хостгории як оиларо, ки дар шаҳр ҳамсояам буданд, пазируфтанд. Онҳо панҷ сол маро санҷидаву дида, барои писарашон, ки донишгоҳи ҳавонавардиро дар Маскав хатм карда буд, келин карданд.

 

Зани хушбахт

Ман духтари қоматбаланди сабзинаи зебо будам, ҳамсарам ҷавони харобинаи миёнақади сафедандоми ҷингиламӯй. Аслан ҷингиламӯйҳоро дӯст намедоштам, вале Рустам бо мулоимгапиву меҳрубонияш диламро зуд ёфт.

Хусуру хушдоманам чор писар доштанд ва маро мисли духтар қабул карданд, ман барои онҳо бегона набудам, зеро ҳангоми донишҷӯ хусури ҳозираам моро баъзан ба хонааш даъват мекарду худаш дар деги калон ош пухта, зиёфатамон медод. Писаронаш мисли додарҳоямон буданд ва корҳои мардонаи ҳавлиямонро иҷро мекарданд, мо ҳам дар навбати худ дар шӯстани пардаву қолинҳо ба онҳо ёрӣ медодем. Мисли хешу табор шуда будем, аммо Рустамро боре надида будам…

Зиндагии ширине доштем, шавҳарам дар фурӯдгоҳ кор мекард ва маоши хуб мегирифт.

Панҷ сол бо хусуру хушдоманам зиндагӣ мекардему ҳавличаамонро, ки падарам онро ба ман бахшида буд, афтонда хонаҳои дуошёнаи зебое сохтем. Тамоми корҳои сохтмониро хусураму писаронаш мекарданд, ҳатто хатҳои барқро низ худашон кашиданд. Хусурам муҳандиси заводи бузурге буду лаҳзаҳои бекорӣ хонаҳои моро месохтанд.

Хонаҳои мо тайёр шуданд, боғи назди ҳавлиямон сарсабзу хуррам гашта соҳиби як духтару як писари нозанин будем.

Хеварамро зан дода, ба хона келин овардему баъди ду моҳ мо ба ҳавлии худамон кӯчидем, ба кӯчидан кӯчидем, аммо рӯзамон дар хонаи волидони шавҳарам мегузашт, кӯдаконам ҳам омӯхта буданд. Хушдоманам дар боғчаи бачаҳо мураббия буданду бо сабаби бемории диққи нафас ба нафақа баромаданд, ман ба кор баромада, хостам кӯдаконамро ба боғчаи кӯдакон диҳам, аммо он кас “корат то нисфи рӯз аст, худам кӯдаконро нигоҳ мекунам” гӯён монеъ шуд. Ман дар мактаби наздикии хонаамон ба хонандаҳо аз алифбои ниёгон дарс медодаму соатҳои ду ба хона бармегаштам. Зани хушбахте будам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД