Шакарханд аз Oila.tj
30.11.2025
Oila.tj
130

Китоб

Ҷавоне, ки кӯдаки хурдсол дорад, ба мағозаи китоб даромада, аз фурӯшандаи калонсол мепурсад:

- Амак, ягон китоб оиди психилогияи кӯдак доред?

Фурӯшанда:

- Писарам, рафта, аз мағозаи дигарӣ як тасма гир, ҳам арзон асту ҳам самарабахш!

Қарз

Ҷавоне ба дӯсташ занг зада мегӯяд:

- Ҷӯраҷон вазъиятам хеле бад аст, ба ман 20 ҳазор сомонӣ қарз дода метавонӣ?

Дӯсташ дар ҷавоб:

- Ташаккур, ки маро чунин пулдор фикр мекардӣ, лекин ман чунин маблағро дар шаби хобам ҳам надидаам.

Таъминот

Зане дар ҳафтаномаи “Оила” эълони шиносоӣ мемонад:

- Зани 34-солаи пулдор, худам танҳо зиндагӣ мекунам, шавҳари ҷавон меҷӯям. Таъминоташро пурра ба дӯши худ мегирам!

Ба рақами телефони зан марде занг зада мепурсад:

- Зани ман фаҳмидан мехоҳад, ки шумо аниқ таъминотро ба дӯши худ мегиред?

Дарунрав

Марде ба хонаи зебосанаме хостгорӣ меравад. Волидони духтар аз ӯ мепурсанд:

- Маошат чӣ қадар аст?

Мард:

- 3 ҳазор сомонӣ!- мегӯяд мард.

Волидони духтар:

- Ин маблағ ҳатто барои харидани коғази ташноби духтари мо басанда нест!

Мард мегӯяд:

- Эҳа, чунин зани дарунрав ба ман ҳам лозим нест!

Олам

Марде ба зебосанаме ошиқ шуда, ба ӯ изҳори муҳаббат мекунад:

- Биё зани ман шав, ман ба ту тамоми оламро мебахшам!

Зебосанам:

- Оламии зарфҳои ифлос ва либосҳои ношустаро?

Мард:

- Ҳаа, ту аллакай аз шавҳарт ҷудо шудаӣ?

Хафа

Духтар ба дӯстдоштааш мегӯяд:

- Суҳроб, чаро ту аз ман хафа шудӣ?

Ҷавон дар ҷавоб:

- Барои он ки ман Суҳроб нестам, ман Меҳробам!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шакарханд аз Oila.tj
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси