goodwell
Шаби хиёнат (ҚИСМИ 4)
561

Дар он лаҳза ашкҳои Фахриддин дигар бозистоданд. Ҷойи ашкро нафрат ва интиқоме гирифт, ки аз марг ҳам сардтар буд. Ӯ мошинро хомӯш кард ва дар он сукути маргбор мунтазир шуд, мунтазири лаҳзае, ки номусашро дар назди шоҳидон сар мебуранд.

Фахриддин бо дили реш ва чашмони хунгирифта ба деҳаи ҳамсоя рафт. Хусуру хушдоманашро, ки аз занги ногаҳонии ӯ парешон буданд, ба мошин шинонд. Онҳо дар роҳ пайваста мепурсиданд:

- Чӣ шуд? Тинҷӣ аст? Чаро ин вақти шаб моро ҷеғ задӣ?

Фахриддин хомӯш буд. Танҳо лаб зери дандон мегузошт ва мошинро чунон босуръат меронд, ки гӯё ба сӯи ҷаҳаннам мешитофт.

​Вақте ба назди ҳавлӣ расиданд, Фахриддин чароғҳои мошинро хомӯш кард. Даруни ҳавлӣ ором буд, танҳо аз тирезаи утоқи хоб нури хираи чароғак ба берун метаровид.

- Оҳиста қадам занед,- пичиррос зад Фахриддин.

Дилаш чунон мезад, ки гӯё қафаси синаашро шикаста берун меояд.

Онҳо ба дари хона наздик шуданд. Фахриддин калидро оҳиста дар қулф тоб дод. Дари чӯбин бо як садои ваҳмангез кушода шуд. Хусуру хушдоманаш ҳанӯз намефаҳмиданд, ки чӣ манзараи нанговар онҳоро интизор аст.

​Вақте Фахриддин дари ҳуҷраи хобро бо лагад кушод ва чароғро гиронд, дунё барои ҳама дар ҷояш шах шуд. ​Дар болои кати хобе, ки Фахриддин бо ҳазор заҳмат ва бо пули ҳалол барои оилааш харида буд, занаш - ҳамон фариштаи модар ва гули деҳа дар оғӯши он ҷавони бегона буд. Ҷавон бо тарс аз ҷой парид, зан бошад, аз шарму даҳшат ҳатто ҷойе барои пинҳон шудан намеёфт.

- Ин кист?,- фарёди хусури Фахриддин дар хона танин андохт.

Пирамард даст ба девор гирифт, то наафтад. Модари зан бошад, ду даст ба даҳон бурда, мисли ҳайкали хушк шуд.

​Фахриддин бошад, на фарёд мезад ва на ҷанг мекард. Ӯ фақат меларзид. Ашкҳои талхаш аз рухсораҳояш ҷорӣ мешуданд ва ӯ ба рӯйи занаш нигоҳ карда, бо овози хаста ва шикаста гуфт:

- Ман аз ишқам гузаштам, то туро хушбахт кунам. Ман дар роҳҳо ҷонамро дар хатар гузошта, барои туву чор фарзандам нон меёфтам. Ту бошӣ, ту болои чор фарзандат, болои номуси ман ва болои хоки поку сарди модарам по гузоштӣ?

​Зан бо гиряву тазарруъ худро ба пойҳои Фахриддин партофт:

- Маро бубахш, Фахриддин! Хато кардам, шайтон маро зад.

Фахриддин пойи худро кашида гирифт. Ӯ ба сӯйи хусураш, ки аз шарм сар хам карда буд, нигариста, гуфт:

- Падар, ин аст духтари покдомани шумо. Ин аст фариштае, ки ҳар рӯз таърифаш мекардед. Акнун бигиред ин туҳфаи худро ва аз хонаи ман баред. Дигар барои ин зан дар ин ҷо ҷой нест. Номуси маро имшаб ин ҷавон на, балки худи ҳамин зан кушт.

​Ҷавони ошиқ, ки акнун фаҳмида буд, ки ба чӣ балое гирифтор шудааст, дар кунҷи хона меларзид. Фахриддин ба ӯ нигоҳе кард, ки аз ҳазор тир бадтар буд:

- Туро намекушам. Чунки хуни ту мисли номуси ин зан ифлос аст. Бирав ва дигар ҳеҷ гоҳ ба ин деҳа қадам намон. Ӯро ҳам бар бо худат...

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД