Фахриддин ба тарафи қабристони деҳа раҳсипор шуда, паёпай сигор мекашид. Ҳар қадаме, ки мебардошт, гӯё кӯҳе аз ғамро бо худ дошт.
Дуди сигор мисли оҳи пурсӯзи ӯ печутоб хӯрда, ба осмон мерафт. Ӯ дигар дар ин олами бевафо на ҳамроз дошт ва на ҳамдард. Танҳо модари зери хок хуфтааш буд, ки метавонист бори сангини ин дардро бо ӯ қисмат кунад.
Ҳушаш парешон, дилаш пур аз дард, фиғонҳои ногуфта... Мехост бо модараш рози дил бикунад. Дар ин дунё дигар ҳамрозу ҳамдарде баъди Худо надошт, ба ҷуз модар.
Модараш се сол қабл вафот карда буд.
Сари қабри модар расиду даст ба дуо бардошт:
- Оҳ, очаҷони ширинам, куҷоӣ, ки дили дардманди писари ягонаатро даво бубахшӣ? Оҳ, очаҷон, келини хушкардаат ба ман хиёнат кард болои чор фарзанд.
- Оҳ, очаҷони ширинам,- бо овози гиряолуд хитоб кард ӯ.- Куҷоӣ, ки бубинӣ писари ягонаат чӣ гуна дар оташи рашку нанг месӯзад? Келине, ки бо ҳазор орзуву ҳавас бароям интихоб карда будӣ, келине, ки зеботарини деҳа мегуфтемаш, имрӯз чароғи хонаамро бо дасти худ хомӯш кард. Болои чор кӯдаки мисли гул пок, ба номуси ман, ба ишқи ман ва ба хотираи ту хиёнат кард, оча. Оҳ, очаҷон, барои мард ин бадтарин чиз будааст. Устухонҳоям месӯзанд. Дунё бар вафо қоим аст, на бар фиреб. Касе, ки дили содиқеро мешиканад, гӯё чароғи хонаи худро бо дасти худ хомӯш кардааст. Хиёнат ин ҳамон тири ногаҳониест, ки аз дасти касе мехӯрӣ, ки барояш синаатро сипар карда будӣ. Очаҷон, ин чӣт рӯзу соате буд, ки ба хонадони ман рахна зад? Миёнамро шикаст хиёнати келини дӯстдоштаат...
Ӯ бо модараш рози дил мекарду баланд мегирист мисли кӯдак. Пеши рӯяш ҳамон шаби наҳсу тақдирсоз падидор гашт.
Фахриддин ҳарчанд муҳассили донишгоҳи омӯзгорӣ ҳам бошад, бо касби худ ҳамагӣ ду сол кор карду халос. Ба шуғли кирокашӣ бо мошини сабукраваш машғул шуд. Модар ӯро дар синни 22-солагиаш, дилашро напурсида, ба як духтари дугонааш, ки аз давраи мактабӣ дугонаҳои ҷонӣ буданд, фотеҳа карда, тӯйи бошукӯҳе ороста, ин духтаракро келин карда овард. Духтар дар ҳақиқат зебо буд: қадбаланд, чашмсиёҳ, қошпайванд, нозукниҳолу кокулонаш то зону.
Хуллас, Фахриддин дигар бар эътирози модар, ки духтари ҳамсоя нағздидаат ҳам бошад, намешавад, чизе нагуфт. Чунки ӯ барои модари танҳояш ягона писар буд. Модараш баъди фавти шавҳараш дигар ба шавҳар набаромада, писари ягонаашро бо нозу гули чиз калон карда, барояш чизеро дареғ намедошт.
Фахриддин ошиқи духтари ҳамсояи девор дар миёнашон буд, аммо модар розӣ нашуда, духтари дугонаашро барояш келин кард. Духтари хушкардаи модар дар ҳақиқат келини зеботарини деҳа ба ҳисоб мерафт. Оҳиста-оҳиста Фахриддин ба ҳамсараш меҳр баст, соҳиби чор фарзандони дӯстрӯяк шуданд. Ӯ барои оила шабу рӯз дар роҳҳои пуртаҳлукаи кӯҳистон кирокашӣ мекард, то фарзандонаш камбудие надошта бошанд.
Аммо он шаби наҳс, он шаби қатли эътимод...
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН