Туркманҳо дар айёми Наврӯз бо либоси миллии туркманӣ зоҳир шуда, ин идро ба якдигар шодбош мегӯянд.
Дар базмгоҳҳои асосии наврӯзӣ шутурҳои бо қолинчаҳои рангину ороишоти гуногун зебдодашударо дидан мумкин аст. Ин ба он хотир аст, ки шутур барои миллатҳои кӯчӣ ҷонвари хеле муҳим ва қариб муқаддас маҳсуб меёбад. Ин анъанаро дар миёни туркманҳои Тоҷикистон низ метавон дид.
Таоми аввалини наврӯзӣ барои туркманҳо низ суманак аст, ки онро бо забони туркманӣ «семени»мегӯянд. Хони наврӯзии «ҳафтсин» ва «ҳафтшин» низ дар тантанаҳои оммавӣ риоя мешаванд.
Тантанаҳои наврӯзиро миёни туркманҳо бидуни мусобиқоти гӯштингирӣ ё гураш тасаввур кардан мумкин нест. Туркманҳо гули бойчечакро рамзи Наврӯз медонанд. Дар иди Наврӯз онҳо мардуми туркман пеш аз ҳама ба тарбики волидонашон мераванд. Ҷавонон дар ҳар деҳу маҳаллаҳо бод мераванд, рақсу хурсандӣ ва оташпарак мекунанд. Мардум бар онбоваранд, ки ҳар касе дар рӯзи Наврӯз аз болои оташ ҳафт маротиба ҷаҳида бигзарад, аз дарду мушкилиҳо раҳоӣ ёфта, ба соли нав солим ва бо неруи тозаворид мешавад.
Хуллас, Наврӯзи туркманҳо бо Наврӯзи тоҷикон пайванди қавӣ дорад. Ҷамъияти туркманҳои Тоҷикистон мегӯяд, чорабиниҳои гуногун ва таҷлили ҷашнҳои мардумии туркманҳоро дар Тоҷикистон ҳамеша пурмазмун, бо ширкати фаъолонаи сокинони дигар халқу миллатҳои кишвар баргузор мекунанд.