Бар асари обхезии зиёд дар шарқи Афғонистони вилояти Нуристон 113 нафар қурбонии офати табии гардиданд.
Тибқи манбаъи хабарӣ "Tolo News" шумораи ҳалокшудаҳо 113 нафар ва 70 тани дигар маҷрӯҳшудаҳо будаанд.
Дар деҳаи Меҳердиши музофоти Камдеш обхезии шадид ба амал омад. Манбаъҳои расмӣ қаблан аз марги 40 нафар хабар дода буданд.
Аммо, ба гуфти бархе аз намояндагони мақомоти маҳаллӣ, 150 шаҳрванд қурбонии сел шуданд.
Гуфта мешавад, ки дар минтақаи офат 150 хона хароб шудааст.