Arzon march 2024
СЕЛ 15 ХОНАРО ШУСТА БУРД
2276

 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз хисороте хабар дод, ки боришоти шадиди шаби 4 май дар пай доштааст.
Бар асари бориши шадид дар деҳаи Кӯлчашмаи ноҳияи Муъминобод сел омада, бар асари он 15 хонаи истиқоматӣ ва ду пули мошингард зарар диданд.

Изатулло Имомов, сардори бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Муъминобод иттилоъ додааст, ки хисорот бар асари боришоти шадиди шаби 4 май расонда шудааст.

Айни замон аз ҷониби бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгард корҳои барқароркунӣ ҷараён доранд, хабар додааст “Ховар” аз қавли Имомов.

МАНБАЪ афзудааст, ки хисороти расида асосан аз беэътиноии худи сокинон ба амал омадааст, зеро онҳо мавзеъҳои обрави назди хонаҳояшонро тоза нигоҳ намедоранд. Дар натиҷаи чунин бориш ва омадани сел об вориди ҳавлиҳои истиқоматии онҳо мегардад.

“Ҳамчунин аз бориши ба амал омада бахше аз заминҳои кишоварзӣ ва қитъаҳои ёрирасони заминҳои наздиҳавлигӣ зери об мондаанд. Дар ҷойи ҳодиса комиссия фаъолият дошта, ҳаҷми зарарро муайн менамоянд”, - омадааст дар иттилоия.

КҲФ ҳушдор дод, ки ҳавои номусоид ва боронҳои шадиду селовар то 7 май идома мекунанд.

“Дар ин рӯзҳо лағзиши тарма, омадани сел ва резиши сел дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, водиҳо ва роҳҳои мошингарди кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест. Болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо низ пешгӯӣ мешавад”, - таъкид шудааст дар матлаб.
Бо зикри ин КҲФ аз шаҳрвандон даъват дорад, ки зимни сафар ҳамеша аз эҳтиёт кор бигиранд.


БОЗНАШР СПУТНИК


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД