Меҳмони навбатии барномаи "Рӯ ба рӯ" яке аз чеҳраҳои шинохтаи фарҳангу санъати тоҷик Савригул Қурбонова мебошад. Шӯҳрати ин зани фариштахисол махсусан баъди манзури тамошобинон гаштани филми маҳзакавии “Муҷассамаи ишқ” ба осмони ҳафтум дакка хӯрд.
Имрӯз хурду калон Савригул Қурбоноваро ҳамчун Санам мешиносанд ва баъзеҳо ӯро ҳатто “Санами Бобои Ғаффор” ном мебаранд. “Муҷассамаи ишқ” филми бисёр шавқовар буда, тамошобин аз ханда қариб рӯдакан мешавад. Нақши Бобои Ғаффорро дар ин филми пурҳаяҷон яке аз устодони санъати тоҷик, ҳунарманди шӯҳратёр Убайдулло Раҷабов бозидааст. Бобои Ғаффор ба Санами нозанин девонавор ошиқ мешавад. Ба хотири ба даст овардани дили парии орзуҳояш ин Маҷнуни сонӣ корнамоиҳои зиёде мекунад, вале на бо мошин, на бо зӯрӣ, на бо зар дили Санамро гарм карда наметавонад...
Дар бораи ин филм ва қаҳрамонҳояш дар байни мардум то ба ҳол сару садоҳо хеле зиёданд.
-Мехоҳед аз сиру асрори зиндагии Санам огоҳ шавед?
-Донистан мехоҳед, ки чаро ин зани фариштарӯй бо чунин ҳусни оламгир танҳоӣ ихтиёр намудааст?
-Шавҳари Савригул Қурбонова барои чи Тоҷикистонро тарк кард?
-Чаро Савригул аз мошину хона рӯй гардонд?
-Рост аст, ки Савригул Қурбонова дардро бо ханда мекушад?
-Санам хушдомани золим аст ё...?
Ба тамоми суолҳои худ шумо метавонед аз барномаи "Рӯ ба Рӯ" посух биҷӯед!