Савригул кӯдакро ба дасти хоҳаршӯяш дода, ба сӯи поликлиникае, ки дар наздикии хонаашон буд, давид. Он вақтҳо дар ҳар як поликлиника барои тифлакони навзод махсус хӯрокҳои кӯдакона ба монанди «Биолак» тайёр мекарданд, ки модарони бе ширу камшир аз он истифода мебурданд.
Савригул қиссаро ба сардухтур нақл карда, «Биолак» гирифта омад. Тифлакро Муноҷот ном гузоштанд. Савригул бо азобу машаққатҳои зиёд, бо бедорхобиҳо ин духтарчаи зеборо чормоҳа кард. Вай баъзан шаб то саҳар дар сари гаҳвора нишаста, суруди «Алла»-ро мехонд. Акнун Савригул ба Муноҷот чунон одат карда буд, ки ӯро аз ҷонаш бештар дӯст медошт, аммо…
Як саҳар Савригул духтараки дар гаҳвора бастаашро дар назди ду хоҳаршӯяш монда, барои овардани «Биолак» рафт. Вай мисли ҳарвақта онро гирифта, тез ба хона баргашт. Ба хона баргашту аз дидани тифли беҷону беҳоли дар гаҳвора хуфтааш халтаи пур аз «Биолак» беихтиёр аз дасташ ба замин афтид. Тифлакаш дигар ҳоҷат ба хӯрдани биолакро надошт. Чашмони зебои Муноҷот пӯшида буданд. Кӯдак дигар нафас намегирифт. Аз дидани ин манзараи даҳшатангез аз қалби Савригул наъраи ҷонгудозе ба фалак печид. Вай тифлакро ба оғӯш кашида, нолаҳои зор мекард ва то имрӯз ба ёдории он лаҳза барояш хело душвор асту марги ногаҳонии духтарча асрори нуҳуфта. Савригул қариб ҳар шаб тифлакашро хоб медид. Ӯ бо дастони хурдакакаш аз лаби домони ӯ мекашид, фарёд мезад, ки ӯро гирад, ӯро танҳо намонад.
Талоқи зани безурёт
Пас аз ин воқеа бо ташвиқу тарғиби хоҳаронаш Суҳроб Савригули дӯстдорашро “ту безурриёт» гуфта, се талоқ кард. Ӯ ин хабари нохушро ба падару модар ва бародараш расонид. Онҳо аз шунидани ин хабар ҳам хафа шудану ҳам хурсанд. Хафа аз он ки хонаи духтарашон вайрон шуд, хурсанд аз он, ки шояд шавҳари дигар карда, фарзанддор шавад. Фардои он рӯз падару модари Савригул ба вилояти Суғд рафта, кӯчи духтарашонро ба Душанбе оварданд. Дар ҳавлии калони падар барои духтари яккаву ягонаашон ҷои зиёде буд.
Аз ҷудоӣ байни Суҳробу Савригул як сол гузашт. Дар ин муддат ба Савригул хостгорҳои зиёде баромаданд, вале ӯ ба ҳама ҷавоби рад дода, мегуфт, ки дигар шавҳар намекунад.
-Ман дигар аз куҷо таваллуд мекунам?! Умрам ба чил дакка хӯрда истодааст,-мегуфт ӯ дар ҷавоби зориҳои волидонаш, ки дубора хонадор шуданро маслиҳат медоданд, аммо…
Пас аз оне, ки шунид Суҳробаш бо духтари ҷавоне хонадор шудааст, сӯзиши қалбаш боз ҳам зиёдтар гашт. Дарк кард, ки Суҳробро абадан аз даст додаст.
Туҳфаи тақдир
Савригул ба тақдир тан доду ба як марди занмурда, ки соҳиби чор фарзанд буд, ба шавҳар баромад. Марди ҳалиму меҳрубоне буд шавҳари наваш, вале бисёр бадрашк, вай Савригулро ҳатто ба сояи худаш рашк мекард. Савригул, ки духтари ягона буд, падару модараш ҳавлиро ба номи ӯ карданд, зеро бародаронаш соҳиби хонаву дари худ буданд.
Ин дафъа Савригул дар хонаву дари худ, дар як ҳавлӣ бо падару модари пираш зиндагӣ мекард, вале аз рашки шавҳар дар азоб буд.
Пас аз ним соли зиндагӣ бо Исрофил Савригул дар вуҷуди худ тағйиротро ҳис кард. Як саҳар ҳангоми ҳавлирӯбӣ сараш чарх зада, ҷорӯб аз дасташ афтид ва худаш ҳам ба замин дароз кашид. Аз дидани ин ҳолат қариб буд, ки модараш дилкафак шавад. Кампир ба рӯи духтараш об пошида, ӯро ба ҳуш овард. Савригулро ба беморхона бурданд. Табиби занона ӯро муоина карда гуфт, ки ягон беморӣ надорад, сабаби чарх задани сараш ҳомиладориаш мебошад. Савригулу модараш ба гӯшҳояшон бовар намекарданд. Наход, ки ӯ дар ҳамин синну сол ҳомиладор шуда бошад…
Давом дорад