Ин духтарчаи гирён Румайсо ном дошта, ҳамагӣ 5 сол дорад. Румайсои хурдакак мехоҳад мисли дигар кӯдакон модараш аз дасташ гирифта ӯро ба боғчаи бачагона барад, мехоҳад ҳамроҳи модараш ба тамошои боғи ҳайвонот ва сайру гашт равад.
Оча, очаҷон, хез, илтимос, хез тамошо равем, зорӣ мекунад ин духтарчаи фатиламӯй, вале Мамлакат дар ҷавоб танҳо оби дида мерезад. Ӯ наметавонад хоҳиши фарзандашро иҷро намояд, зеро пойи равон надорад.
Мамлакат ҳамагӣ 31-сол дорад, аммо нисфи умрашро дар бистари беморӣ сипарӣ намудааст. Муддати 12 сол мешавад, ки ин ҷавонзани фариштарӯй бо азобҳои алим чорпоя роҳ мегардад. Вақти пояшро ба замин гузоштан гӯё корди тезе ба кафи пояш мехалад. Дарду азобҳои ҷондгудози Мамлакатро фақат худаш медонаду худованд.
Мамлакат Хоҷаева сокини деҳаи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буда, ҳамроҳи падару модари пираш зиндагӣ мекунад. Моро номаи ғамбори модари Мамлакат-холаи Қумрихон водор намуд, ки роҳи дарозро тай намуда, ба аёдати ин ҷавонзани мариз рафта, аз дарду аламҳои дилаш огоҳ гардем.