Сарнавишти талхи сароянда (ҚИСМИ 2)
777

Зани шоиста

Акнун Ансор ба маъракаҳои мардум даъват мешуду пул низ меёфт, он қадар зебо ҳам набошад, духтарони зиёде изҳори ишқ мекарданд. Ансор духтарбози гузаро буду ошиқҳояшро мисли дастпӯшак иваз мекард, барои ӯ ишқу муҳаббат афсона метофт. Аммо хуҷандидухтари ҳамсабақаш Афсона, Ансорро бо ҳама савҳу хатояш дӯст медошту мехост бо ӯ ҳамхона шавад. Ансор низ ба Афсона муҳаббате дошт, аммо амри падар воҷиб шуду ӯ ба духтараки ҳамдеҳаи худаш хонадор гашт. Афсона низ барқасди ӯ ба як ҳамшаҳрияш ба шавҳар баромада ба Хуҷанд рафт, пас аз ин воқеа по мондан ба рӯи дӯстдории духтарҳои содда кори муқарарии ҳофизи шуҳратёр гашт.

Ҳамсараш Иҷобат бонуи ҳалиму меҳрубон ва ниҳоят хоксор буд, қариб ки аз хона намебаромад. Тарбияи ду фарзанд, кору бори хона, меҳмон пешвозгирию гуселкунӣ аз ҳамин қабил корҳои занонаро вазифаи ҷонии худ медонист. Ба корҳои ҳамсари ситорааш умуман дахолат намекард, ҳемеша дар хизматаш тайёр буд. Барои Иҷобат шунидани овозаҳои ишқбозии шавҳар, хиёнатҳои ӯ вазнин бошад ҳам шукр мекард, ки шавҳараш ӯ ва фарзандонашро азиз медорад.

Ишқи ногаҳонӣ

Давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он Ансор то як дараҷа аз муд рафта буд, ҳарчанд ба корҳои эҷодӣ машғул мешуд, вале зиндагии хеле оддӣ дошту то як дараҷа шӯҳраташ аз миён рафта буд. Як бало карда бори зиндагӣ мекашид...

Як рӯз дар ҷойи кораш банди машқи оҳанге буд, ки ректори донишгоҳе зангаш зада хоҳиш кард, ки агар имконият дошта бошад ба наздаш биёяд. Сарвари донишгоҳ дар суҳбат аз Ансор хоҳиш намуд, ки муддати як моҳ бо донишҷӯён саҳнаи мусиқие тайёр намоянд, зеро дар иди Наврӯз сабқате ҳасту онҳо бояд ғолиб биёянд. Ӯ маблағи хубе ҳам ваъда кард, Ансор розӣ шуд ва акнун ҳар рӯз баъди дарсҳо ҳамроҳи донишҷӯён машқ мекард.

Рӯзи аввали ба толори донишгоҳ ворид шуданаш эҳсос кард, ду чашм ба ӯ бо меҳрубонию навозиш менигаранд. Соҳиби ин чашмҳо Нигор, духтари қоматбаланди сабзинаи хеле зебо буд. Кокулони марғуладор, абрувони камон ва нигоҳи ҷозибадораш ҳар бинандаро ба худ мекашид, Нигор суруди якка мехонд ва ҳангоми хондани рубоиҳои ошиқона чашм аз чашмони Ансор намеканд.

Рӯзи сеюми машқ, Ансор сари чамбараки «Волга»-и кӯҳнааш нишаста нав онро ба ҳаракат даровардани буд, ки Нигор давида наздаш омада гуфт:

- Устод шумо кадом тараф?

- Ман то «Садбарг» меравам, - дасту по хӯрда ҷавоб дод Ансор.

- Хайр майлаш ман автобусро мунтазир мешавам, беморхонаи марказӣ рафтаниям…

Дили Ансор аз нигоҳҳои духтар об хӯрда буд ва ба мошин таклиф кард. Нигор низ нею нестон накарда нишаст. Нигор дар лаҳзаҳои аввали танҳо мондан ба Ансор изҳори ишқ кард:

- Медонед, ман як умр ошиқи шумо ҳастам.

Ҳофиз бо ханда гуфт:

- Ту худат чанд сол дорӣ, ки онро умр меномӣ?

- Биступанҷ сол, андешаманд посух дод Нигор…

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД