Салом! Номи ман Бахтовар. Мехостам саргузашти худро ба кулли хонандагони сомонаи Oila.tj манзур намоям, то ба дигарон дарси ибрат шавад.
Тақрибан се сол пеш маро падарам оиладор карданд. Хурсанд будам, ки падарам барои ман чунин арӯси зебо, хушқаду қомат ва ботамкин ёфтаанд, вале аз дигар чиз метарсидам. Ҳар қадаре тӯй наздиктар шавад, тарсам бештар мегашт ва намехостам, ки он баргузор шавад. Апаам бояд аз шаҳри Москва ба тӯйи ман меомаданд, бовар кунед, ҳатто марги ӯро орзу мекардам, то ки тӯй баргузор нагардад, вале сарнавишт кори худашро мекардааст.
Хулоса, пеш аз тӯй бо падарам ҷангу ҷанҷол бардоштам, ки маро барвақт хонадор кардааст, вале сабаби асосиро гуфта наметавонистам.
Ҳамин тавр, бо ҷангу ҷанҷол тӯй баргузор шуд. Ҳамкурсон ва ҳамсинфонам омада маро табрик карданд ва рақсу шодӣ намуда, рафтанд. Онҳо ба ман бахти сафед таманно намуданд, вале ман бошам, ғамгин будам.
Вақте шаб фаро расид, ману занамро танҳо гузоштанд. Аслан ин шаб барои навхонадорон шаби фаромӯшнашаванда аст, аммо дар хотири ману ҳамсарам он ҳамчун як шаби наҳси ғамолуд боқӣ монд. Ман гиря карда, ба ҳамсарам гуфтам, ки вазифаи худро ҳамчун мард иҷро карда наметавонам. Дили арӯс ба ҳолам сӯхт ва вай ҳам гиря карда, гуфт, ки ба хотири Аллоҳ сабр карда, ин сирро фош намекунад.
Ман дар Душанбе мехондам. Ҳамсарам мисли дигар арӯсон ҳар ҳафта маро интизор мешуд, вале ман ба хона равам ҳам, ба вай аҳамият намедодам.
Бо ҳамин минвол моҳҳо гузаштанд. Рӯзи шанбе ман аз Душанбе ба хона баргашта истода будам. Ба хона омада дидам, ки апаам дар хонаамон. Ба ошхона рафтам. Ногаҳон апаам омада, бо ман салом карду аҳволпурсӣ кард ва гуфт:
- Чаро ту ин хел кардӣ? Чаро ту ин корро аз мо пинҳон кардӣ?
Ман шах шуда мондам ва ҳайрон шудам, ки онҳо ин гапро аз куҷо фаҳмида бошанд?
Падарам дарҳол роҳи ҳалли ин корро меҷуст ва намехост ин шармандагиро ҳама фаҳманд, чунки падари ман дар шаҳр як марди баобрӯ буданд. Аз ҷиянашон беҳтарин духтури мардонаро пурсида, маро ба шаҳри Душанбе бурданд. Духтур маро табобат кард, вале сиҳат нашудам. Бори дигар маро ба назди дигар духтури мардона бурданд. Ӯ маро ба ҷарроҳӣ кардан равона кард. Маро ҷарроҳӣ карданд, пас аз як ҳафта сиҳат шудам. Тамоми хонаводаи мо хушҳол буданд. Он духтур сабаб шуд, ки ман шифо ёбам, вале ҳамааш кори Худо буд. Фақат як чиз сабаб мешавад. Пас аз халосӣ аз ин беморӣ аз мо як сол фарзанд нашуд. Мо хеле ғамгин будем, вале Худо ба мо як духтараки зебоеро насиб гардонид.
Айни ҳол духтари ман 4-моҳа ва ҳамсарам боз ҳомила аст. Ман аз ин ҳадяи Худованд бениҳоят шод шудам.
Бо навиштани ин нома гуфтанӣ ҳастам, ки ҳеҷ гоҳ бовариатонро аз Худо наканед ва ҳамеша умедвор бошед. Ӯ ҳамеша ба дуоҳои шумо ҷавоб мегӯяд.
Доимо пурсабр бошед!