arzon replenishment
САРГУЗАШТИ ЗАНЕ, КИ ҲЕҶ ГОҲ АЗ ЗИНДА МОНДАН УМЕД НАДОШТ
1821

 Аҷиб дунёст! Бисёр духтарону занони ҷавонро мешиносам, ки ба зебогии табииашон қаноат накарда, мехоҳанд аз дигарон куллан фарқ кунанд. Хостори онанд, ки қошҳояшон баланди тиргуна бошад, рухсораҳои рӯйяшон таранг, лабҳояшон ғафс-ғафс, дандонҳояшон ҳамвору сап-сафед мисли дандонҳои кудаки ширхор бошаду бинияшон каҷу килеб ва калону дароз набошад. Барои ҳамаи ин тағйиротро ба дар худ ворид сохтан, миқдори зиёди маблағро қурбонӣ мекунанд.


Мутаассифона, аксари вақт сурати зоҳирӣ дар ҳаёти инсон ва дар муносибати атрофиён нисбати ӯ нақши калидиро мебозад. Дар қатори духтарони дар боло зикргардида, ҳастанд одамоне, ки барои зинда будан ва нафас кашиданашон дар ин дунё ба офаридгор сипосгузоранд. Барои тасдиқи гуфтаҳо, саргузашти воқеии мудел Турия Питтро бароятон қисса мекунем.

Турия Питт қаблан духтари бениҳоят зебо буд, вале он ҳусни зебо дар яке аз сӯхтор пурра нобуд гашт. То ҳодисаи фалокатбори ба сарашомада, ӯ бар он ҷаҳд дошт, ки зебосанами Австралия шавад. Ғайр аз ин ӯ мудели машҳур ва варзишгари боистеъдод буд. Аз рӯйи ихтисос ҳамчун муҳандис фаъолият мекард. Дӯстон, наздикон, ва корашро самимона дӯст медошт. Мехост карераи калон кунад, аз зиндагияш розӣ буд.

Соли 2011 Турия бисёр мехост дар пойгаи марафонӣ ба масофаи 100 киллометр иштирок кунад. Ин дави машҳур "Racing The Planet" унвон дошт. Ташкилкунандагони марафон аввал барои насупоридани пардохтпулӣ ба Турия иҷозати иштирок варзидан дар мусобиқаро надоданд, вале пеш аз дав ба духтари бехабар аз балои ба сараш меомада занг заданд ва иштироки уро дар мусобиқа тасдиқ карданд. Дар ин рӯзи мудҳиш сухтори ашаддии дашт ба амал пайваст. Турия ва дигар иштироккунандагони мусобиқа дар маркази сухтор қарор доштанд.

Дар натиҷа 64%-и бадани Турия ҳангоми 24-сола буданаш сӯхт. Духтурон ба зинда мондани Турия умед надоштанд. Мӯъҷиза рух дод, Турия зинда монд. Ба ӯ лозим омад, ки зиёда аз 200 ҷароҳатро барои иваз кардани пӯст паси сар кунад, инчунин 864 рӯзи тулонӣ дар беморхона барои барқароршавии организм сипарӣ шуд. Ангуштони дасти росташ пурра сӯхтанд, дар дасти чап ҳамагӣ 3-ангӯшт монд. Бинӣ ва гӯшҳояш низ қариб пурра сухтанд. Давоми 2 сол ӯ ниқоб мепӯшид, чунки ҷуръат надошт, то худро дар оина бубинад.

Аммо ягона нафаре, ки дили Турияро ба зиндагӣ гарм мекарду ӯро водор мекард, ки ҳаёт бе ӯ барояш маънӣ надорад, дӯстписараш Майкл Хоскин буд. Онҳо ҳанӯз аз замони дар мактаб таҳсил карданашон ба ҳам дил дода буданд. Ба Майкл ягон зарра фарқияте надошт, ки ҳусни Турия пурра нобуд гашт. Майкл ба беморхона бо ангуштарини бриллиантӣ ба назди Турия омада, ба ӯ пешниҳоди хонадоршавӣ кард. Майкл аз кор истеъфо дода, тӯли 864 рӯз дар беморхона бо нигоҳудини маъшуқааш машғул шуд. Ҳар боре, ки аз Майкл суол мекарданд, ки ӯ чаро чунин рафтор мекунад? Посухи ягонааш ҳам ҳамин аст: "Дӯстдоштаам ҳанӯз ҳам ҳамон духтари зебою боғайратест, ки дӯсташ медоштам, дӯст модорам ва дуст хоҳам дошт. Фақат пӯсти баданаш дигар шуд, худаш не".

Майкл ӯро аз пештара дида бештар дӯст медорад. Ҳаёташон дар соли 2017 ранги тару тоза гирифт. Турия ва Майкл бо амри тақдир соҳиби писарчаи фариштарӯй шуданд.

Ғайр аз ин Турия пас аз фоҷеаи мудҳиш машғули якчанд намуди варзиш, ба монанди давидан, оббозӣ ва дучархасаворӣ шуду дар мусобиқаҳо чандин маротиба ғалаба кард. Ҳамчун муҳандиси кӯҳ фаъолият дорад. Барои дар баромадҳои оммавӣ ҳамчун нотиқи мотиватсионӣ баромад кардан вақташро ҷудо мекунад.

Моҳи июни соли 2014 ҳангоми дар муқоваи маҷаллаи бонуфӯзи бонувон -" The Australian Women’s weekly" акси Турия Питт нашр шуд, хурсандияш ҳадду канор надошт.Тибқи шарҳи ин духтари ҷабрдида, ин барояш боиси қадр буд: "Ман хеле шармгинам, қисса мекунад Турия. Ин гувоҳи он аст, ки эътимод ба иродаи худ баробари зебогӣ арзиш дорад. Дар дунё занони зебо бениҳоят зиёданд, аммо онҳо занонеанд, ки камҷуръатанд. Барои ба мақсад расидан ҷуръат нақши калидӣ ва ҳалкунандаро мебозад".

Новобаста ба серкор буданаш, Турия барои корҳои хайр ҳамеша фурсат меёбад. Замоне, ки ӯ бемории вазнинро аз сар гузаронд, ӯ медонад, ки одамони ба мисли ӯ дар зиндагӣ аз чизе маҳрумгашта то кадом андоза ба кӯмак мӯҳтоҷанд.

Дар бораи саргузашти Турия якчанд филми ҳуҷҷатӣ низ ба навор гирифта шуд.

Ӯ худаш муаллифи китоби биогафӣ "Everything to Live For" мебошад. Ба саволи "Оё ҷароҳати пластикӣ зебогии Турияро барқарор мекунад?" ҳанӯз посух нест. Айби бавоситаи ташкилкунандагони он пойгаи марафонӣ исбот шуда, онҳо ҷубронпулиро ба Турия подош намуданд.

Хонандаи азиз, ҳаёти Турия Питт барои ҳамагон намунаи олист. То даме, ки умр бароямон вафо мекунад, ин маънои онро дорад, ки ин дунё ба ҳастии мо ҳанӯз ниёз дорад ва бояд баҳри ояндаи неки худ ва атрофиёнамон шоиста зиндагӣ кунем! Агар аз саргузашти Турия хулоса барорем, аксари рӯйдоди нек ва бурдбориҳо пас аз фоҷиаи ба сарашомада насибаш гашт, аз ҷумла оиладор шуд, соҳиби фарзанд гашт, дар чандин мусобиқа ғалаба кард, дар маҷаллаҳо ба ҳайси мудел аксҳояшон дар саҳифаҳои аввал нашр мешаванд, муҳандиси муваффақ шуд, муаллифи китоб низ гашт, инчунин барои рӯҳияи одамони дилшикастаро баланд бардоштан дар баромадҳои оммавӣ ҳамчун нотиқ сухан меронад ва аз ҳама асос ӯ дар фондҳои хайриявӣ фаъолият карда, барои ниёзмандони зиёд бевосита кӯмаки моддию маънавӣ мерасонад.

Иродаи қавӣ-калиди хушбахтӣ ва рӯшноист! -Наврӯзмоҳ Вазирбекова.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД