arzon replenishment
Сарбоз тир хӯрд ё ӯро паронданд?
2258

Покуратураи ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таҳқиқи марги як сарбози ҷавон дар ноҳияи Мурғоб оғоз кардааст. Гуфта мешавад, ки Нозимҷон Гулиеви 20 - сола ҳангоми хидмат дар қисми низомӣ аз тири силоҳ ҷон додааст.

Ба гуфти наздиконаш то имрӯз онҳо ду гумонро аз мақомот дар бораи марги Нозимҷон шунавииданд. Аз рӯи тахмини якум ҳангоми тоза кардани силоҳ тир кушода шуда, ба ӯ задааст ва ба гумони дуюм яке аз ҳамхизматонаш ӯро паррондааст.

Ба гуфтаи як намояндаи Прокуратураи ҳарбии ВМКБ бо шарти зикр нашудани номаш, “санҷиши ҳодиса аз рӯйи моддаи 387 - и Кодекси ҷиноятӣ (вайронкунии қоидаҳои муносибат бо яроқ ва бо предметҳое, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад) оғоз шуда, як шахси гумонбар дар ҳоли ҳозир дар ҳабс қарор дорад. Дар ҳолати исот шудани тахмин ба ӯ аз 2 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад”.

Як манбаи дигар ҳам, ки аз рафти тафтишоти парванда огоҳ аст, гуфт, ки ҳодиса 17 - уми июн рух дод. Ба қавли ӯ, "сержанти хурд Акмалҷон Тӯрабоев дар вақти навбатдорӣ ба ҳуҷраи нигоҳдории силоҳ рафта, аз дохили ҷевон туфангчаи сардори дидбонгоҳро мегирад. Ҳамон замон Нозимҷон Гулиев меояд ва тир дар тирдони туфангча буда, дар ҳолати ҷангӣ қарор доштааст. Акмалҷон аз беэҳтиётӣ тир холӣ мекунад, ки тир дар чашми чапи сарбоз Низомҷон Гулиев мезанад ва ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад". Ба гуфти ин нафар ҳодиса на барқасдона, балки аз беэҳтиётӣ сар задааст.

Нозимҷон Гулиев, сокини деҳаи Берлаши ҷамоати Холматови ноҳияи Шаҳритус, тирамоҳи соли 2019 ба аскарӣ даъват шуда, дар қисми низомии 0412-и қисми сарҳадбонии Мурғоб хизмат мекард.

Ӯ 5 - уми октябри соли 2019 ихтиёрӣ ба хизмат рафта буд. Ба гуфти бародараш пеш аз ҳодиса Нозимҷон бо модараш суҳбат доштааст, аммо хабари маргаш як рӯз пас аз ин ба онҳо расид. Онҳо ҷасадро шоми 18 - уми июн гирифта, рӯзи дигар ба хок супоридаанд.

"Гуфтанд, ки замони тоза кардани автомат худаш тир задааст. Баъд, ба Комиссариати ҳарбӣ рафтем. Дар он ҷо гуфтанд, ки сарбозҳо бо якдигар бо туфангча бозӣ карда, тир холӣ кардаанд. Ҳоло дар ин масъала ду фарзия ҳаст. Гуфтанд, хулосаи тиббиву судӣ мебарояд, ҳаминро интизорем. Ростӣ, намедонем, ки чӣ гузаштааст. Тир аз чашми чап даромада, аз пушт баромадааст", - нақл кард бародараш.

Назари тарафи гумонбар Акмалҷон Тӯраев, дар робита ба ин ҳодиса ҳанӯз маълум нест. Мо чанд бор кӯшиши бо наздикони ӯ дар тамос шуданро кардем, аммо муваффақ нашудем

 

Аз идора: Сомона ин ҳодисаро пайгирӣ намуда, бо расидани тозатарин хабар онро пешниҳодатон мегардонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД