Бостоншиносон дар шаҳри Рими Италия санги азимеро кашф кардаанд, ки ба гуфтаи таърихчиён, он ҳудуди 2 ҳазор сол пеш сарҳади шаҳрро муайян мекардааст.
Санг қариб ду метр баландӣ дошта, онро ба истилоҳ “Померан” ё “Киппус” мегӯянд. Чуноне аз навиштаҷоти рӯйи санг бармеояд, он соли 49-и пеш аз мелод дар замони император Клавдий насб шудааст. Ин санг ба он хотир муқаддас гуфта мешавад, ки дар атрофаш сохтани хона, машғул шудан ба кишоварзӣ, бурдани силоҳ ва дафни мурдаҳо мамнӯъ буд.