Дар одобу русуми мардуми мо барои арӯс сандуқ мехаранд. Одатан дуто сандуқро барои ҷиҳози духтар мегиранд.
Чанд соле пеш як сандуқро аз ҷиҳози арусӣ пур намуда, хонаводаи домод бурда, ба оилаи арӯс медод. Пас аз он арус як сандуқи дигарро ҳамроҳ намуда, бо кӯрпаю кӯрпача гирифта, ба хонаи шавҳараш меомад. Вале ба арусҳои ҳозира бисёр вақт тӯҳфаҳои хушдоман писанд намеояд. Ба ин хотир, ин русум каме иваз шудаву хонаводаи домод пули сару либоси арӯс бо сандуқу дигар хароҷотҳоро бурда медиҳад ва хонаводаи духтар мувофиқи таъби худ ҷиҳози арусиро харидорӣ мекунад. Кӯрпа барои меҳмон, мебел барои арӯсу домод, дигар асбобҳо барои зиндагӣ, вале сандуқ ба чӣ кор меояд?
Ин савол зеҳни чандин нафарро машкук намудааст. Пештар мебел набуд ва сандуқ вазифаи нигоҳдории либосу дигар асбобу анҷомро иҷро мекард, вале акнун ҷевон пайдо шудааст ва вазифаҳои сандуқ аз байн рафтааст. Дар ин бора миёни чанд бону пурсиш гузаронидем, ки фишурдаашро пешниҳоди хонанда менамоем.
Холаи Муҳайё, хушдомани се келин, гуфт, келинҳояш дутоӣ сандуқ оварданд. Аз арӯсии худаш дуто сандуқ мондааст. Ҳангоми хонаашро сохта ба дарунаш даромадан, хушдомани худаш як сандуқ тӯҳфа кард.
"Он вақтҳо ҷевону дигар намуди мебелҳои либоснигоҳдорӣ набуд. Ман, ки соҳиби 5 фарзанд будам, сандуқ бароям лозим буд. Акнун сандуқҳои келинам 6-то, аз ман сето, ки мешавад нуҳто. Келинҳо мебелу курпаҳои бисёр овардаанд. Дар хонаи худашон намеғунҷад. Маҷбур ҳамаи сандуқҳоро боло ба боло дар таҳхона ҷойгир кардаем. Касе агар ба таҳхонаи мо дарояд, гӯё вориди мағозаи сандуқфурушӣ мешавад. Агар писаронам хона созанду соҳиби хонаву дари худ шаванд, ҳамсаронашон сандуқҳояшонро мебаранд, ва таҳхонаи ман озод мешавад", - гуфт ӯ зимни суҳбат бо "Oila".
Сабоҳат модари ду фазанд аст. Ӯ духтарашро ба наздикӣ ба шавҳар дод ва барояш сандуқ нагирифт. Ба бёни ӯ, дар ҳоли ҳозир, ки ҷевонҳои калон пайдо шудаанд, сандуқ, умуман, як қутти ҷойпуркун ҳисоб мешавад. Духтараш талаб накардааст ва ӯ низ нахостаст, ки сандуқ харад.
Аммо, ҳамсӯҳбати дигарамон Беназир нақл намуд, ки шавҳар карданашро 5 сол шудаасту барояш сандуқ ҳанӯз лозимӣ ҳисоб мешавад. Ӯ гуфт, косаву табақҳоеро, ки дар тӯю маърака истифода мешавад, дар сандуқ нигоҳ медорад. Сандуқ барои нигоҳдории зарфҳои шиишагин ҳам бехатар ва ҳам қулай аст. Дар дигар сандуқ либосҳои мавсимии худ ва духтарчаашро нигоҳ медорад. Ӯ чунин мешуморад, ки арӯси тоҷик бе сандуқ зеб надорад.
Шоҳида ҳанӯз донишҷӯ аст. Ӯ ҳоло шавҳар накардааст ва намедонад, ки сандуқро дар зиндагӣ барои чӣ истифода мекунанд. Аммо, арӯсии худро бе ин ҷиҳоз тасавур карда наметавонад. Арӯси бе сандуқ мисли духтари бемӯй аст. Бар замми ин, ӯ пурсид, ки кӯрпаҳои арусиро дар болои чӣ мегузорад?
"Дар тӯйҳо мебинам, ки аввал курпаву сандуқи арӯсро меоранд, баъд худи ӯро. Ин амал дар назарам бисёр зебо менамояд", - гуфт ӯ.
Аз идора: Хонандаи азиз, шумо чӣ андеша доред? Сандуқ дар зиндагӣ лозим аст ё не?