Маҳсулоти лозима:
Барои тайёр кардани даҳ дона самбӯсаи варақӣ 1.5 кг орди навъи якум, 100 грамм равғани пахта (писта), 10 дона тухм, 1 қошуқча сода, якуним коса намакоб (намакро бо оби гарм омехта мекунанд), 1 пиёла қанди сафеди кӯфта (ё сахарнтй пудра).
Тарзи таҳия:
Ордро гирифта ба он аз намакоб андозед. Даҳ дона тухмро дар якҷоягӣ илова намоед. Пеш аз шурӯъ кардани хамир сода ва равғанро илова намоед. То омода шудани хамир онро хуб мушт кунед. Хамир, ки тайёр шуд гирифта ба ду зуволаи баробар тақсим кунед. Зуволаҳоро дар алоҳидагӣ боз (то калони тунук шудан) кунед. Ба зуволаи аввали равған молида зуволаи дуввумро ба болои он гузоред ва ҳар дуро камтар боз кунед. Сипас онро дар рӯйи тахтаи боз кунанда, чорқат карда (бояд дароз чор панҷ маротиба қат кунед) онро ду ваҷаби бурида ду қат карда гузоред. Зуволаи самбӯса чӣ қадаре ки нағз боз шавад варақи он ҳамон қадар зебо мебарояд. Баъди тайёр шудани самбусаҳо онро дар дег пазед. Бояд самбӯса дар равғани бисёртар пухта шавад то варақҳои он зебо барояд. Самбӯса, ки омода шуд ба рӯйи он аз қанди кӯфта занед. Агар хоҳед, ки самбӯсаи варақӣ тамъи лазизтар диҳад ҳангоми ду қат кардани он, дар байнаш гӯшту пиёз гузоред. Ба шумо иштиҳои соф таманно дорем.
Ин шакли самбӯса дар Истаравшан бештар пухта мешавад. Онро дар тӯю махрака мепазанд. Пухтани чунин самбӯса аз ҷониби волидайни арӯс сурат мегирад.
Абдуғаффор Шодиев