Чанд моҳ боз дар бистари беморияму бо марг даст ба гиребон, намедонам, имрўз ба водии хомўшон сафар мекунам, ё фардо, аммо дилам хун аст. Қалам миёни ангуштони бемадорам меларзаду аз рўйи коғази сафед мелағжад, гўё ба навиштани дарди ман оҷиз аст. Аммо мехоҳам диламро холӣ карда, аз дунё равам, бигузор мардум аз дарди дили пурғамам огаҳ шаванд. Ҳарчанд пайвандонам намехостанд, аммо ман ин номаи дардамро менависам, қазоват аз шумост, хонандагони азиз…
Бачагӣ ва ҷабри падарандар
Падарамро ёд надорам, зеро хеле ҷавон оламро тарк гуфтааст, модарамро, ки зани ҷавону ниҳоят зебо будааст, раиси колхоз ба занӣ мегирад. Зани аввалашро бо ду кўдак талоқ карда, модари маро ба хонааш меорад, ману апаам низ, чашм кушода, падарандарамонро дидему ўро падар мегуфтем. Модарам барои раис як писару як духтари дигар таваллуд кард, ману апаам бошем, хизматгору дояи кўдакон будем. Хонаамон сермеҳмон буд, падарандарам арақ менўшид, ҳамин ки маст шуд, ману апаамро бераҳмона мезад. Дар ҳушёрияш ҳам ба мо он қадар меҳр надошта бошад ҳам, дар мастияш ба бало монанд мешуд ва мехост ҷони моро бигирад.
Ҳамин тавр, ду хизматгор қад кашида, ба воя расидем, бисёр меҳнатию боодоб ки будем, моро ҳамсояҳо келин карданд. Шавҳари апаам ҷавонмади аз худаш даҳ сол калон ва хеле меҳрубон буд, ман низ ўро чун падарам дўст медоштам. Шавҳари ман ятими бемодар -дар интернат ба воя расида буд. Баъди хатми шуъбаи ҳуқуқшиносии донишгоҳ бо ҳам издивоҷ кардем. Солҳои шуравӣ кадрҳо аз рўйи лаёқаташон ҷо ба ҷо гузошта мешуданд ва шавҳарам зуд ба вазифаи баланд гузашт. Ману апаам Худоро шукр мегуфтем, ки дари бахту шодмонӣ ба рўямон кушода шуд, вале…
Тақдири бераҳм
Соҳиби ду духтару як писар шудем, шавҳарамро бо тақозои касби бар дӯш доштааш ба ноҳияҳои гуногун мефиристоданду ман низ ҳамроҳаш мерафтам. Ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд, шавҳарам дар яке аз ноҳияҳои сарҳадии кишвар раиси суд буд ва ўро куштанд. Шавҳарамро куштанду мо дар ба дару хонабардӯш шудем. Зеро мо хона надоштем, ҳар куҷое мерафтем, дар хонаи хизматӣ зиндагӣ мекардем, хонаи шахсӣ надоштем. Як дўсти шавҳарам, ки баъди ҷанг мансаби калон гирифта буд, дилаш ба ҳоли мо сӯхту як хонаи дуҳуҷрагӣ харида, ба мо дод. Дар ҳмин хона бо дили пурхуну ҷигари садпора духтарҳоро ба шавҳар додаму духтари ҳамон дўсти шавҳарамро келин гирифтам. Қудоям дар шаби тўй ба духтараш хона туҳфа кард, писараму келинам баъди тўй ба хонаи худашон кўчиданд. Хонаашон дар қарибӣ буду келин омада, хизмати маро карда мерафт, акнун нафаси осуда кашида будам, ки духтари калониямро шавҳараш бо ду фарзандаш талоқ дод. Духтарам ба хона багашт, духтараш дусола ва писараш шашмоҳа буданд.
(Давом дорад)
ҚУМРИНИСО
Таснифи Нисо ХОЛИД