arzon replenishment
САГ АЗ ҶАК-ҶАКУ ЗАНАМ АЗ ҒАЙБАТ НАМОНД
18.08.2020
Р. Азимӣ
3482

 

Ҳамсари ман Фотима ном дошта, бисёр зани инҷиқу намешуданӣ аст. Гӯшу майнаи ҳамаро бо ҷак-ҷакаш мехӯрад. Модарам аз дасти ӯ ба дод омада аз падарам хоҳиш кард, ки дар поёни ҳавлӣ хонаи дигар созад, то зиндагиашонро аз мо ҷудо кунанд.

Ҷони кампири бечора аз дасти ин келини ҷаккок чунон ба лабаш расида буд, ки танҳо зистанро аз зиндагӣ бо чунин суҳони умр авлотар донист. Фотимаро натанҳо дар хонаи мо, балки дар маҳаллаамон ҳам касе дӯст намедорад, чунки саг барин устухони ҳамаро мехояд. Дар ғайбат кардан ҳамто надорад, ин ҳамсояро ба ваяш бад карда, байнашон душманӣ меандозад. Шаттоҳи худозада мардумро ҷанг андохта, баъд мисли мӯсичаи бегуноҳ аз дур тамошо мекунад. Шояд хонандагони азиз маро маломат намоянд, ки мард шуда зани худашро бад кардааст, вале чӣ кунам, ки бо ҳеҷ роҳ илоҷи ҳамсарамро наёфтам.

Фотимаро на бо панду насиҳат одам карда шуд, на бо мушту лагад, мурдакӯб кунӣ ҳам, боз ҳамон нағмаҳои аблаҳонаи худашро мекунад. Аз дасти ин зани ҷаллод ба дод омадаам. Бадии кор дар он аст, ки фарзандонам ҳам аз рӯйи модарашон сар бардошта наметавонанд. Ҳар рӯз ягонтоашон аз мактаб бо чашми гирён ба хона омада: «бачаи ҳамсоя очама ғабатчӣ гуфт» ё «духтари ҳамсоя пагоҳ ту ҳам очаат барин шӯрандоз мешавӣ гуфта бо ман ҷанг кард» гӯён, алам мекунанд.

Бачаҳо ба зани ман ҳатто лақаб мондаанд-Радиои Бибиси! Акнун тасаввур кунед, ки бечора фарзандони ман ин лақабро шунида ба чӣ ҳолу аҳвол меафтанд! Гумон мекардам, ки ақаллан ба хотири "Рӯзи дониш" занам чанд рӯз аз гапчинию ғайбат худдорӣ мекунад, вале дирӯз, дар рӯзи иди бачаҳо, ки дер боз мактабро ёд крада буданд аз фотиҳахонӣ аз хонаи  акои Тағой баргашта занамро бо зани ҳамсоя даст ба гиребон дидам. Ҳайрон шудам, ки чаро дар рӯзи ид занҳо рӯйканию мӯйканӣ дошта бошанд. Онҳоро бо як азоб аз ҳамдигар ҷудо карда зани ҳамсояро аз дарвоза берун намудам, вале аз байн панҷ дақиқа нагузашта писаронаш омада моҷаро бардоштанд, ки тую занат дасти модари моро зада шикастаед. Ҳама кору борамро партофта ҳамсоязанро ба духтур бурдам.

Маълум шуд, ки вақти бо зани ман кашмакаш кардан дасташ баромадааст. Охирин пули дар ҷайбам доштаамро ба духтурҳо дода бо табъи гирифта ба хона баргаштам. Кадом мард бо чунин зан тоқат мекунад? Хонандагони азиз, илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Ғайратбек, аз н. Ғозималик

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД