Бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷаҳонгарди тоҷик Шарифбек Давлатов тасмим гирифт, ки Парчами Тоҷикистонро бори дигар дар ҷаҳон парафшон кунад.
Ин навбат ин сайёҳи тоҷик Парчаи кишварро ба Кипр, Булғористон, Македонияи Шимолӣ, Сан Марино, Ватикан, ба Ҷумҳурии халқии Муғулистон бурд. То имрўз ҷаҳонгарди тоҷик Шарифбек Давлатов ба 112 давлати дунё сафар намуда, Парчами Тоҷикистонро дар ин кишварҳо парафшон намудааст. Ў сайёҳатро мепазирад. Мақсади асосии сафари Шарифбек Давлатов тарғибу ташвиқ ва муаррифии таъриху фарҳанги ниёгонамон дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Номбурда бад-ин васила мехоҳад сайёҳони хориҷиро ба кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҷалб намояд. Дар доираи ин сафарҳо Шарифбек Давлатов бо бештари мардумони кишварҳои ҷаҳон суҳбатҳо ороста, аз кишвари мутамаддин ва тозаистиқлол будани Тоҷикистон ба мардумони олам дарак медиҳад.
Шарифбек Давлатов аз овони ҷавонӣ ба сайру саёҳат шавқ дошт. Мехост тамоми оламро давр бизанад, бигардад, бо расму оин ва фарҳангу суннатҳои халқу миллатҳои дигар аз наздик ошно шавад, оламу одамро бубинад. Номбурда дар доираи ин сафарҳо бо шахсони машҳур аз наздик шинос шудааст. Ӯ мегӯяд, ки «ҳар куҷое будам, дар даст Парчами Тоҷикистон, манзараҳои нотакрори кишвар ва аксҳои Пешвои миллатро нишон дода, сарзамини аҷдодиамонро муаррифӣ мекардам».
- Бароям муҳим буд, ки бо мардум мулоқот кунам, қиссаҳояшонро бишунавам ва фазои кишварро эҳсос намоям,- мегӯяд Шарифбек Давлатов .
Шарифбек Давлатов сафари сартосарии оламро анҷом додааст ва ҳамакнун орзуи сафар ба кайҳон ва дубора парафшон кардани Парчами миллии Тоҷикистонро дар фазо дорад. Номбурда азм дорад, ки сафарҳои худро ба кишварҳои дигари олам идома диҳад.
Дар ин ҷода ба ў барору комёбӣ таманно дорем!
Меҳроншоҳ УСМОНЗОДА