Садамаи зиндагӣ (ҚИСМИ 2)
21.12.2025
МАРЯМ
1043

Хушдоманам ҷони маро ба лаб меовард. Ба келинаш фармон медод, ки “даромада хоб кун, Толиб барои ту хизматгор овардааст”.

Тоқатам тоқ шуду рӯзе аз ҷонам безор шуда, худро оташ задам. Мехостам сӯхта-сӯхта нобуд шаваму аз ин рӯзи сиёҳ халос шавам. Аммо вақте чашмонамро кушодам, худро дар беморхона дидам. Духтурон гуфтанд, ки 50 фоизи баданам сӯхтааст, болои сарам падару модарам ва Толиб менишастанд. Хушбахтона, ба тифли батнам осебе нарасидааст. Симоям бошад, тамоман дигар шуда буд. Чеҳраи чун гул шукуфонам пажмурдаю оринҷак зада буд. Пас аз табобати тӯлонӣ падару модарам мехостанд маро ба хонаи худашон бурда, нигоҳубин кунанд, аммо Толиб розӣ нашуд. Маро гирифта, ба хона овард ва ба занаш фармон дод, ки ба ман хуб нигоҳубин кунад...

Аз кори кардаам сахт пушаймон будам. Аз ҳамсояҳо шарм медоштам. Бо гузашти моҳҳо писардор шудам. Тақдир чӣ рӯзҳоеро ба сари одамизод меовардааст. Баъди тавлиди писарам хушдоманам вафот кард. Баъди вафоти хушдоманам кундошам духтар таваллуд кард. Зиндагиамон хуб буд. Пушаймон будам, ки чаро худро оташ зада, ба чунин ҳол гирифтор кардам. Зиндагии тинҷу осудаи мо дер давом накард ва тақдир барои ман зарбаи наве омода намуда буд. Шавҳарам Толиб дар ҷои кораш ба садама дучор шуду аз олам гузашт. Ду зани бешавҳар дар як ҳавлии калон танҳо мондем...

Ба хулосае омадем, ки ман бояд ба кор бароям. Ба боғчаи кӯдакона ба кор даромадам. Ҳар бегоҳ боқимондаи нону хӯрокҳоро ба хона бурда, рӯзамонро мегузарондем.

Чанде пеш Санам ҳам ба беморхонае ба кор даромад. Фаррош буд. Ӯ пас аз як сол “дар Россия ҷои кор ёфтам” гӯён, ҳамроҳи як ҳамкораш духтарчаашро ба ман амонат гузошту рафт. Баъди рафтани ӯ ҳамкоронаш гуфтанд, ки ҳамроҳи он мард никоҳ кардааст. Санам рафту дигар аз ӯ хату хабаре нашуд. Духтараш Сумая бошад, дар синфи ҳашт мехонд. Ман ӯро мисли фарзанди худам ба воя мерасондам. Рӯзе аз кор баргаштам, ки Сумая дар хона нест.

- Сумая дар куҷост?,- аз писарам пурсидам.

- Ӯро бобою бибиаш омада бурданд,- гуфт писарам.

Барои овардани Сумая ба хонаи бобояш рафтам. Онҳо гуфтанд, ки як духтару як писари калон дар як ҳавлӣ зистанашон мумкин нест. Дар ҳоле, ки онҳо аз як падар буданду бо ҳамдигар акаву хоҳар. Оби чашмонам рехту ба пасам нигоҳ накарда, баромада омадам. Чун дасттанҳо будам, баъди хатми мактаб зуд писарамро хонадор кардам. То аз кор баргаштанам келин бароям хӯрокҳои гарм омода мекарду ҳама ҷоро ба тартиб медаровард. Худоро шукр мегуфтам, ки ҳама бадбахтиҳоям паси сар шуд, аммо...

Имрӯз чизи дигаре маро азият медиҳад. Сумая баъди марги бибияш бесоҳиб монда, ҳарҷогард шудааст. Тағоҳояш розианд, ки ман ӯро гирифта ба хона орам, аммо ман дигар ӯро намехоҳам... Намехоҳам, ки тақдир ба хотири ин духтар шуда, ба сари оилаи мо боз ягон бадбахтии нав орад...

МАРЯМ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД