sebiston july new
САДАМАИ МАРГБОР ДАР 8-МАРТ
3994

Дар рӯзҳое, ки тамоми ҷумҳурӣ ба таҷлили ”Рӯзи модар” омодагӣ медид ва аз ҳар як хонадони тоҷик садои хандаву шодӣ ба гӯш мерасид, ба сари чанд оила мусибати бузурге омад, ки доғаш то абад дар дилҳои эшон боқӣ мемонад. Ба ҷойи овози мусиқӣ аз фазои кошонаи ин дилсӯхтагон танҳо садои ҷонсӯзи нолаи падару модар, зану фарзанд, писару духтар ва хешу ақрабо ба гӯш мерасад. Тамоми пайвандон бо дарду алам зор-зор менолиданд, зеро...

Бороналӣ Солиев, сокини ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат шоми 6-уми март хеле шитоб дошт. Дар хона пайвандонаш ӯро интизор буданд, вале расидан ба манзили мурод ба ин мард муяссар нагашт. “Опел-Вектра”-и Бороналӣ Солиев дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат якбора ба мошини калони тамғаи “Дулан” бархӯрда, ронандаи 60-сола ва мусофири дар паҳлӯяш нишаста Рамазон Сидиқови 20-сола бар асари ин садамаи хунин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Худи ҳамон рӯз дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ду садамаи маргбори автомобилӣ ба вуқуъ пайваста, ҷони чанд нафарро рабуд. Субҳи 6-уми март, тахминан соатҳи 7-30 мошини тамғаи «Мерседес-Бенц” ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд -Чаннок дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон ба самти муқобили роҳ баромада, ба девори бетонии канори роҳ бархӯрд. Афзал Фаёзӣ, ки дар сари чамбарак нишаста буд, дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурда, чанд нафари дигар аз ҷумла Малика Фаёзӣ ва кӯдакони хурдсолаш Раънои 5-солаю Ҳанифаи сесола дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ зарари ҷисмонӣ диданд.

Нисфирӯзии 6-март дар ҳамин роҳ боз як садамаи нақлиётӣ рӯй дод ва мошини тамғаи “Рендж-Ровер Спорт» дар ҳудуди ноҳияи Спитамен ба “Дэу-Дамас” бархӯрд. Мусофири мошини дуюм Кулдошева Муҳайё бар асари ин рӯйдоди хунин дар ҷойи ҳодиса ҷони ширинашро аз даст дода, ронандагони ҳарду мошин ва дигар мусофиронро бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористон бурданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД