Дирӯз дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Данғара ду нақлиёти мусофирбари тамғаи “Прадо” ва “Опел Зефира” бо ҳам бархӯрд, ки дар натиҷаи ин садама ду бародар, ки мусофири нақлиёти “Опел Зефира” буданд, ба ҳалокат расиданд.
Тибқи иттилои ба мо расида, ронандаи нақлиёти “Опел Зефира” соҳибкор буда, барои тақсими макарон ва шакар ба мағозаҳо ба самти бозори Норак равон буд.
Ҷанозаи фавтидагон субҳи имрӯз баргузор шуд. Тафсилоти муфассали расмӣ ҳанӯз нашр нашудааст. Назари ВКД низ ҳанӯз дастрас нест.