Марҷона 29-сол дошт, Ҳасан бошад нав ба 31 қадам гузошта, нақшаву ниятҳои зиёде дошт. Ин ду ҷавони ормонӣ дар дилҳояшон орзуву ҳавасҳои ширин мепарварданд, аммо камонкаши тақдир дар айни ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ тири аҷалро ба синаи эшон зада, ҷавонмаргашон гардонд...
Он рӯзи наҳс Марҷона ва Ҳасан ба шаҳри бостонии Кӯлоб сафар доштанд. Дар сари чамбараки “Тайёта-Кемри” сокини шаҳри Душанбе Сайидо Нозимови 27-сола нишаста, мошин дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб ба мисли бод метохт. Дар километри 83-юми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб дар ҳудуди ҷамоати Оқсӯи шаҳри Данғара Сайидо қудрати идора намудани автомобилро аз даст дод ва бар асари ноӯҳдабароии ронандаи ҷавон мошин ба канори рости роҳ баромада, чаппагадон шуд.
Соат аллакай аз дуи шаб гузашта буд ва садои доду фиғону ғиреви мусофирони мошин чаппагардон шуда дили шабро медарид, аммо... Аз фиғону доду фарёд ҳеҷ суде набуд.
Ин садамаи маргбор барои касоне, ки савори ин мошини тақдирсӯз буданд, бо фоҷиа анҷом ёфт. Ҳасан Шарипови 31-сола ва Марҷона Гадоеваи 29-сола бар асари зарбаи сахту шадид дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурданд. Мусофирони дигари мошини сархӯр- Дилфуза Каримова ва Муҳаммадҷон Юнусов бо ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шуданд. Ронандаи Тайёта-Кемри Саидои 27-сола низ дар ин садама ҷароҳати вазнин бардоштаааст ва айни замон дар бемористон бистарӣ мебошад.
Ронандагони азиз! Ҳангоми идора кардани воситаи нақлиёт эҳтиёткор бошед ва ҳаёти худу дигаронро дар хатар нагузоред!