Arzon march 2024
Садамаи хунин дар Данғара
6570

Дар шоҳроҳи-Душанбе-Кӯлоб, аниқтараш дар ҳудуди ноҳияи Данғара сари субҳ хун рехт, хуни одамӣ. Замин пур аз шишапора буд ва аз даруни мошинҳои маҷақшуда садои гиряи дардолуду нолиши талху ҳазине ба гӯш мерасид, ки бо шуниданаш дили кас обу адо мешуд...
Бо дидани ин манзараи ваҳшатнок ронандагон мошинҳои худро дар канори роҳ боздошта, осемасар пиёда мешуданд ва ба имдоди зарардидагони садама мешитофтанд.
Бо кӯмаки ронандагон ва шоҳидони ҳодиса мусофирони ғарқи хунро аз мошинҳои маҷақшуда барварданд, вале ронанда дигар ба ёрии тиббӣ ниёз надошт. Ин ҷавонмарди зебои чорпаҳлӯ бар асари садама дар сари чамбараки мошин аллакай ҷон ба ҷонфарин супурда буд...


Ин ҳодисаи дарднок субҳи 8-ноябр, тахминан соатҳои 07.50 рӯй дода, ронандаи мошини тамғаи “Тайота-Хайлукс” Шуҳрашоҳ Садоншоеви 49-сола ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар ҳудуди ноҳияи Дангара, аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба “Опел-Астра”бархӯрд.
Ронандаи Опел-Астра Нурмаҳмад Раҷабови 44-сола, сокини ҷамоати деҳоти Оқсӯи ноҳияи Данғара бар асари ин самамаи сархӯр дар ҷойи ҳодиса ҷон дода, мусофирони мошин Раҷабова Адолат ва ва Иноятова Нозанин бо ҷароҳатҳои гунгуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шуданд. Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.

ИН ХАБАРҲОРО НИЗ БИХОНЕД:

МӮЪМИНОБОД: “Зверобой” 9 нафарро заҳролуд кард

Писар падарро кушт

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД