Сокинони деҳаи Шулулуи ҷамоати деҳоти Балхоби ноҳияи Мӯъминобод бо ташхиси заҳролудшавӣ дар бемористон бистарӣ гардиданд...
Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар додааст, дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон аъзои як хонавода бо ташхиси заҳролудшавӣ аз консерва ба беморхонаи бемориҳои сироятии Кӯлоб интиқол дода шудаанд.
Манбаъ афзудааст, ки дар пайи ин ҳодиса нӯҳ нафарро бо нишонаҳои заҳролудшавии шадид таъҷилан бистарӣ карданд. Онҳо сокинони деҳаи Шулулуи ҷамоати деҳоти Балхоби ноҳияи Мӯъминободанд. Тахмин меравад, ки ин нӯҳ нафар баъди истеъмоли “зверовой” заҳролуд шудаанд.
Дар робита бо ин ҳодиса кумитаи ҳолатҳои фавқуллда аз сокинони кишвар дархост кардааст, ки қоидаҳои гигиениро риоя намоянд ва чунин тавсия додааст:
1. Консерваеро, ки сарпӯшаш варамида ё аломати вайроншавӣ дорад, нахӯред.
2. Пеш аз истифодаи консервҳои хонагӣ, онҳоро бе кушодани сарпӯш барои 15-20 дақиқа ҷӯшонед.
3. Консерваҳоро дар рӯзи дуюми боз кардаатон, агар сарпӯшаш кушода истода бошад, нахӯред.
4. Бо кушодани банкаи консерваи моҳӣ ё гӯшт онро ба зарфи чинӣ ё шишагин гузаред.
Илова бар ин, ҳама чизе, ки хом хӯрда мешавад, бояд дар зери оби гарм шуста шавад, то микробҳои эҳтимолии патогениро нест кунад.
Наҷотдиҳандагон таъкид намудаанд, ки бо мушоҳида кардани аввалин нишонаҳи заҳролудшавӣ зуд ба “Ёрии таъҷилӣ” занг зада, табибонро даъват намудан лозим аст.