Formula novemver 2024
Писар падарро кушт
5679


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз боздошти марди 41-сола бо гумони қасдан аз ҳаёт маҳрум намудани шахси дигар хабар додаанд. Тавре ки манбаъ мегӯяд, боздоштшуда дар куштори падари мӯйсафедаш гумонбар дониста мешавад...

Садои даҳшатангези тир ҳамсояҳоро ба даҳшат овард ва хурду калон осемасар ба самте, ки овози тир аз он ҷо баланд шуда буд, давиданд, вале аллакай кор аз кор гузашта, ҷисми бе ҷони мӯйсафед дар рӯйи фарш бо чашмони кушода мехобид. Қолину палос, дару девор, ҳама ҷо ғарқи хун буд. Хуни одамӣ! Хуни соҳиби хона...
Писари марҳум ба ҷойи он ки бо би дида ҳодисаро ба мардум шарҳ диҳад ё мурдаи падарашро соҳибӣ кунад, сарашро бо кафи дастонаш маҳкам дошта, дар як гӯшаи хона сарду карахту бераҳакат менишаст. Ба саволҳои ҳамсояҳо дар бораи он ки дар хонаи онҳо чӣ ҳодиса рӯй дод, ҷавон аслан ҷавоб нагуфт ва ҳатто сари хамашро ҳам боло накард.
Сароғоз ба назари мардум чунин намуд, ки ҷавонмард бо дидани ин ҳодисаи ғайри интизор ба ҳолати шок афтодааст, вале баъд маълум шуд, ки соҳибхонаро писари худаш паррондааст...
Ин ҳодисаи ваҳшатангез дар деҳаи Еланкаи Тайшетски Иркутск рӯй дода, писар аз милтиқ ба сӯйи падари бегуноҳаш тир кушодааст. Расонаҳои русӣ, аз ҷумла Рамблер ва Вести. РУ дар такя ба манбаҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ навиштаанд, ки писар аз пушт ба сӯйи падараш аз милтиқ тир кушода, бар асари захми бардоштааш марди 66-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз гуфтаи шоҳидон чунин бармеояд, ки вақте ҳамсояҳо аз ҳодиса хабардор шуда, ба мақомот хабар медиҳанд, ҷавон ба кормандони пулис гуфтааст, ки падараш худкушӣ кард, аммо ҳақиқат ба зудӣ рӯйи об баромада, маълум мешавад, ки ин ҳодисаи хунин на худкушӣ, балки куштор аст.
Дар рафти тафтишот писари падаркуш иқрор шудааст, ки ҷониби марҳум маҳз ӯ аз милтиқ тир кушода буд. Мард худро сафед карда гуфтааст, ки падараш чанд сол боз сахт бемор буд ва вай ба хотири аз ранҷу азб халос кардани падараш ӯро парронд.
Айни замон писари падаркуш дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишоти ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД