Гулистон нав ба синни 37 қадам гузошта буд. Хушиҳои зиндагии ин ҷавонзани фариштарӯй дар пеш буд. Мебоист фарзандонашро хонадор карда, лаззати умр бубинад. Мебист тӯю сур ороста, дар ҳалқаи пайвандонаш рақсу бозӣ кунад, аммо ба ҷойи шодиҳои ӯро дидан имрӯз хешу табор ва ёру дӯстон дар мотамаш зор-зор мегирянд...
Ин фоҷиаи хунин дар ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқуъ пайваст. Ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенц” Махмудов Бахтиёр Камолович ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Шарифова Гулистони 37-соларо пахш намуд. Дар натиҷаи ин садамаи хунин ҷавонзан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурд.
Аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишот аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.