Arzon march 2024
Сабринаи Назрӣ духтарашро ба мухлисонаш нишон дод
2232


Сабринаи Назрӣ яке аз беҳтарин блогер ва ровиёни Тоҷикистон буда, мухлисони сершумори худро дорад. Ин бонуи зебо махсусан дар instagram маҳбубият хоса дошта, дар ин сомона зиёда аз 947 ҳазор нафар ӯро пайгири менамоянд.

Сабрина ҳамчун маликаи instagram эътироф гаштааст ва талабгорони ин паричеҳра аз мӯйи сараш ҳам бештар буданд, вале аз байни ин ҳама ошиқони зор Сабринабону Абдулло Шариповро интихоб кард. Ин ҷуфти зебо яке аз оилаҳои хушбахттарини кишварамон ба шумор мераванд ва мухлисону ҳаводоронашон мисли Сабрина ва Абдулло ишқи бузургро орзу доранд.
Як сол қабл, маҳз дар ҳамин рӯз-1-октябр соҳиби духтарчаи нозанине гашта, исмашро Карашма ниҳоданд. Карашмабону бо тавлиди худ ҳаёти падару модарашро рангу бӯйи дигар бахшида ба хушбахтии Сабринаю Абдулло хушбахтии тоза зам намуд.

Волидони хуштолеъ ҳамарӯза ҳамроҳи духтарчаашон сторизҳои зиёд мекарданд, аммо шояд ба хотири чашм нарасидан рӯйи фарзандашонро ҳамеша пинҳон месохтанд. Карашмаро танҳо наздикон ва дӯстони ин хонавода аз наздик медиданду халос.
Белохира, бахшида ба 1- солагии зодрӯзи Карашмабону Сабрина як акси ҳамроҳи духтарчааш гирифтаашро дар сторизи instagram- и худ гузошт, ки чеҳраи Карашмабону пурра кушода аст.
Мо, аҳли эҷоди “Оила” Карашмабонуро аз самими қалб ба зодрӯзаш табрику муборакбод гуфта, ба ин тифлаки хуштолеъ тани сиҳату умри дароз ва тамоми хушбахтиҳои зиндагиро таманно дорем. Орзуманди он ҳастем, ки Карашмаҷон мисли модараш дар зиндагӣ муваффақу сарбаланд гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД