Ҳаёт бозӣ нест!
Ду ҳодисаи ҳаётии овардаамон ягона нестанд, ҳодисаҳои зиёдеро номбар кардан мумкин аст, ки аз худхоҳӣ, ҷоҳилӣ ва беиродагии бархе хоҳарони мо мисол шуда метавонанд. Баъзан, ба андеша меравам, чаро дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ё ҷанги шаҳрвандӣ бонувони тоҷик сахтию нокомиҳо, марги азизону пайвандонашонро дида, даст ба худкушӣ назаданду ин гуна ҳодисаҳо хеле кам буданд? Баъзе пиразанҳоро медонам, ки баъди фавти фарзандон набераҳояшонро тарбия карда, ба воя расониданд. Имрўз, дар даврони тинҷию осудагӣ, модар қасд ба ҷони худ, аз ҳама даҳшатовараш ба ҷони тифлакони маъсуму бепаноҳаш мекунад! Аксарият худкуширо маризии равонӣ мепиндоранд, вале чун ашхоси аз назари мо солиму зиндагидўстдор ба хотири як мушкили ночизе бо дастони худ табар ба решаи ҷонаш мезанад, ҳайрон мемонем...
Равоншиносон чӣ мегўянд?
Аз рўйи таҳқиқотҳои коршиносон бармеояд, ки дар дунё дар ҳар ду сония нафаре қасд ба ҷони худ мекунад, дар ҳар бист дақиқа бошад, шахсе аз асабоният, бадхашмӣ, ё ғамгинӣ дар фикри худкушӣ меафтад. Ҳамасола 110000 одам дар рўйи замин бо дастони хеш риштаи умрашро мебурад. Аҷобаташ он аст, ки шумораи одамони аз худкушӣ ин дунёро падруд гуфта аз шумораи инсонҳои дар ҷангҳо кушташуда зиёд аст. Новобаста аз он тадбирҳое, ки андешида мешаванд, сатҳи худкушӣ паст намешавад ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ он чун масъалаи ҷиддӣ боқӣ мемонад.
Аз пажӯҳишҳои табибони равоншинос бармеояд, ки омилҳои худкушӣ гуногунанд: Худкушӣ аз тарси ҷазо дидан, дар заминаи муносибатҳои оиладорӣ ва шавқу рағбатҳои ҳархела, садамаҳои рўҳӣ. Худкушӣ дар бонувон бисёртар дар заминаи муносибатҳои оилавӣ содир мешаванд. Рашк, қаҳру ғазаб, ҳисси интиқом шахси беиродаро метавонад ба вартаи ҳалокат тела диҳад.
Майл ба худкушӣ пеш аз ҳама дар шахсоне мушоҳида карда мешавад, ки ба тағйирот дар мавқеи иҷтимоӣ, шароити муқаррарии зиндагӣ ва ҳаёт тоқат карда натавониста, афсурдаҳол мешаванд. Ба андешаи ман, беҳтарин зевари зан ин сабру таҳаммул аст, бонуе, ки аз ин гавҳар бархўрдор аст, дар сахттарин лаҳзаҳои ҳаёт низ худро ба даст гирифта, рўҳафтода намешавад.
Як чизи дигар ногуфта намонад, ки мо бояд ба дарду ғами наздикони хеш бепарво набошем, маҳз раҳму шафқат ва эҳсону мурувват ба захмҳои қалбу рўҳи инсонӣ даво мебахшанд.
ДИЛОШӮБ