formula
Рӯйпуш барои қолин
4008

 

Дар урфият "одаму либос - хонаву палос" гуфтаанд, вале палос дар замони гузашта монд ва ҷойи онҳоро қолинҳои хуштарҳу замонавӣ ишғол намуд.

Барои зебову бароҳат гардонидани қолинҳои худ метавонед аз рӯйпушҳои хушрангу босифат истифода баред, то ки қолинҳоятон тозаву зебо бимонад. Агар қолини шумо сифаташ кӯҳна шуда бошад ва шумо барои харидан пул надоред ё кӯдаки майда дореду мехоҳед қолинҳоятон тозаву озода истанд ва ё ҳар дафъа намехоҳед қолинҳои калони худро бишӯед пас метавонед аз рӯйпушак барои қолин истифода баред.

Инчунин, рӯйпушҳо барои қолинро ҳар вақте хоҳед шуста метавонед, сифаташ безеб намешавад ва хонаи шуморо зебо нишон медиҳад ва инчунин рӯйпушҳоро аз қолин фарқ кардан душвор аст. Шустани рӯйпӯшҳо нисбат ба худи қолин хеле осонтар аст.

Шумо метавонед рӯйпушҳоро барои қолинҳои ошхона, коридор, хонаи хоб, меҳмонхона ва хонаи кӯдакон харидорӣ кунед. Инчунин шумо метавонед аз рӯйпушҳо якчанд дона харед ва онҳоро давра ба давра иваз кунед. Ҳеҷ кас худи рӯйпӯшро пайхас намекунад. Илова бар ин, онҳо қолинро аз чангу хок ва аз доғи чойи хӯрок муҳофизат кунанд.

Тавсияхҳо барои тоза нигоҳ доштани рӯйпӯш

 

Бо риояи баъзе тавсияҳо оид ба нигоҳдорӣ, тозакунӣ ва интиқоли маҳсулот, шумо метавонед мӯҳлати хизмати онро ба таври назаррас дароз кунед. Бо нигоҳубини дуруст, қолин давом мекунад.

Намӣ. Ягон рӯйпӯши қолин сарфи назар аз сифат ва қимматии нарх намиро таҳаммул намекунад.

Бепарвоии соҳибхона. Ранги тасодуфан рехташуда метавонад намуди қолини дӯстдоштаи шуморо вайрон кунад, рӯйпӯшро ба болояш кашед вакте ягон ранг ё хурок резад метавонед ба осонӣ дар мошинаи ҷомашӯйи бишӯед.

Тағирёбии ранг ё гум кардани сифат. Ҳангоми нигоҳдории муддати дароз, маҳсулот метавонад ранги пешинаи дурахшони худро гум кунад ва ба назар каме зебоияш тағйирёфта менамояд, пас шумо метавонед аз дигараш истифода баред.

Агар қолин андозаҳои назаррас дошта бошад ва тоза кардан душвор бошад, шумо метавонед ба мутахассисоне муроҷиат кунед.

Барои меҳмонхона аз рӯйпӯшҳое истифода кунед зебо ва ба назар равшан тобад. Барои хонаи кӯдакона аз рӯйпӯш истифода кардан ҳатмист, зеро кӯдакон ҳаргуна ороиш, расму рангу борро дӯст медоранд. Аз рӯйпӯшҳое ки ороиши зебо ва ҳаргуна расму тасвирҳои кӯдакона тарроҳӣ шудааст истифода кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Марисабел 2023-09-30, 00:09
Нархш чандай? Аз кучо ефтан мумкин?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Марисабел 2023-09-30, 00:09
Нархш чандай? Аз кучо ефтан мумкин?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД