arzon replenishment
Рӯятро дидан намехоҳам, ака!
3286


Ҳафт сол пеш падару модарам ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шуда, дар ҷойи ҳодиса ҷон доданд.

Ҳанӯз оби сари волидонамон хушк нашуда, акаам ҳавлии падарамро пурра ба номи худаш гузаронд. Вақте ки ҳиссаи худро талаб кардам, акаву янгаам девона шуданд. Бародарам “Сағераи касофат, худоро шукр гӯй, ки ман туро аз хона пеш накардаам. Зан надошта бошӣ, сағераву кабера надошта бошӣ, ба ту хонаву дар чи лозим. Дар сояи давлати мо хӯрда гаштан гир” гӯён, ба сарам дӯғ зад. Дар ҷавоб гуфтам, ки синну соли ман ба 23 расидаасу хоҳ-нохоҳ як-ду сол пас бояд зан бигирам, аз ҳамин хотир аз ҳоло бояд фикри оилаамро кунам. Бо шунидани ин суханон бардарам сахт ба ғазаб омада, маро чунон лату кӯб кард, ки қариб мурда будам. Ҳамсояҳо бо як азоб мани сағераро аз чанги бародари золимам халос карданд.

Пас аз ин воқеа дилам аз фарзанди падар ях барин хунук шуд ва танҳо ду-се либосамро гирифтаму чипта харида ба Русия парвоз кардам.
Беҳуда намегуфтаанд, ки такягоҳи ятимону бекасон худованд аст. Парвардигори меҳрубон маро бо одамони хубу дилсӯзу меҳрубон рӯ ба рӯ кард. Бо мадади онҳо ҷойи кори нағз ёфтам ва оҳиста-оҳиста соҳиби пулу мол шудам. Албатта ман метавонистам мисли дигар ҳамсолонам бо духтарҳои рус кайфу сафо карда гардам, вале нангу номус карда, пуламро ҷамъ кардам. Ҳамин тавр бо пули меҳнати ҳалоли худ замин харидам ва хонаи дуошёна сохтам. Ду моҳ пеш як духтараки зеборо, ки дар ҳамсоягиамон зиндагӣ мекрд, бо тӯю тамошо ба занӣ гирифтам.


Духтарчаро дар ҳолати вазнин ба бемористони вилоятӣ бурданд, алайҳи мӯйсафеди таҷовузкор бошад, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти ин қазияи нанговар аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.


Росташро гӯям, янгаву акаамро ба тӯй хабар накардам, чунки то имрӯз ман гуноҳи онҳоро бахшида наметавонам. Хонаҳоямон наздик аст ва гоҳ-гоҳ дар роҳ бо бародарам рӯ ба рӯ мешавам, аммо тарзе вонамуд мекунам, ки гӯё ӯро надидаам. Бародарам ба чанд ҳамсоя гила кардааст, ки додарам ноодам аст, вай маро ҳатто ба тӯяш хабар накард. Аз минбари Оила ба бародарам гуфтаниям:
-Дигар додар дорам нагӯй. Ҳамон рӯзе, ки маро мурданивор зада аз дар берун кардӣ ман туро дар дилам гӯр кардам.Рӯятро дар ду дунё дидан намехоҳам, ака!
Акобир, аз н. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД