goodwell
Русия вуруди беш аз 260 ҳазор хориҷиро манъ кард
23.10.2026
Oila.tj
50

Дар 8 моҳи аввали соли 2026 мақомоти Русия вуруди беш аз 260 ҳазор шаҳрванди хориҷиро ба қаламрави ин кишвар манъ кардаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75,8 дарсад зиёд аст.

Дар ин бора Ирина Волк, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи 22-юми октябр дар саҳифаи худ дар «Телеграм» хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, сабабҳои асосии манъи вуруд ихроҷи маъмурӣ аз Русия, вайрон кардани муҳлати будубош, пешниҳоди маълумоти нодуруст ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, чандин маротиба ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудан ва напардохтани андоз ё ҷаримаҳо мебошанд.

Ҳамчунин, шумораи қарорҳо дар бораи манъи вуруди хориҷиёне, ки ба амнияти ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқии Русия таҳдид мекунанд, чор баробар афзоиш ёфтааст. Дар 8 моҳи соли равон беш аз 13,5 ҳазор чунин қарор қабул шудааст.

Мақомоти Русия мушаххас накардаанд, ки зери мафҳуми «таҳдид ба амнияти ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ» кадом амалҳоро дар назар доранд.

Дар ҳамин ҳол, тайи соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо навори шикояти муҳоҷирони тоҷик нашр шудааст, ки бо вуҷуди расидан ба марзи Русия ё фурудгоҳҳои ин кишвар иҷозаи вуруд нагирифта, маҷбур шудаанд ба Тоҷикистон баргарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД